Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба шумо барори кор хоҳонам,– гуфт Воҳид Камол ва мо аз дафтари кории вай берун шудем.
... 22 ...
Аз борон гурехта дар зери барф мондем. Баробари аз дафтари кории Воҳид Камол баромадан сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ бандаро ба дафтари кориаш даъват намуд ва мо ҳарду якҷоя ба тартиб додани нақшаю чорабиниҳои минбаъда пардохтем. Ҳарчанд Наврӯз Умар худаш аз ӯҳдаи ҳамин корҳо мебаромад, вале мақоли «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» – ро чун ҳарвақта сармашқи кори худ намуда, маро аз сафар ба Чанор боздошт.
Дар замоне, ки мо сари нақшаю чорабиниҳои минбаъда майна об мекардем, аз гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо тариқи телефони мобилӣ Наврӯз Умар хабари нав гирифт. Чун рамзи он гуфтугӯйи телефониро танҳо худаш медонист ба нигоҳи суоломези банда чунин посух гуфт:
– Салим Ворис ҳамроҳи зане, ки дар сар ҳиҷоб доштааст, лаҳзае пеш вориди ҳамон ҳавлӣ гаштааст.
– Шояд чорае андешем?
– Инаш зиёдатист.
– Чаро?
– Чунки кормандони раёсати ҳафтуми вазорат ҳам дӯсти моро чун мармараки чашм нигоҳбонанд.
– Яъне то кунун вақти ҳуҷум нарасидааст?
– Бале.
Баъди муҳокимаю ҷо ба ҷо намудани аъзоёни гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ, баъди ба РКД шаҳри Кишнёв тариқи телефакс фиристодани дархост сардори бахш барои банда роҳи сафед орзу намуд.
Ман ба истгоҳи ДОК8 омадам. Истгоҳои мазкур бароям ниҳоят шинос аст. Ман борҳо аз ҳамин истгоҳ ба Сағирдашт сафар намудаам. Борҳо дар ин ҷо шоҳиди он будам, ки чӣ тавр ронандагон аз рӯйи мусофире шуда, бо ҳамдигар ҷанҷолу хархаша мебардоштанд, ба қавле худро хурусчӯҷаи сурх мекарданд, чунки ҳар кас мехост тезтар ба роҳ барояд, вале аз рӯйи ҳамин амалашон рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо ба роҳ баромада наметавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор