Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар зери ҳамин рушноии хурдакак ҳамаи ғалладонҳои мизи дар он ҷо бударо такурӯ намудам. Боигарии ҳама ғаладонҳо танҳо расмҳои зиёде буданду бас. Ман ҳар як расмро дар зери он нурҳои лазерӣ (чароғаки дастӣ дар назар аст) аз назар гузаронидам ва нохост нигоҳам болои расме дармонд...
Ба ростӣ чунинашро интизор набудам. Дар расм акси ҳамон духтараки фаранҷипӯш, ҳамон духтараке, ки на мусулмониаш маълум буду на кофириаш, чунки банда дар байни ним соат ӯро бо ду намуд либос дида будам, аввал бо либоси аврупоӣ ва лаҳзае пас ҳангоми дар хилваткадаи сари роҳ будан ҳамроҳи ҳамкорамон Салим Ворис дар зери ҳиҷоб. Не, ӯ дар ин расм танҳо набуд ва банда ҳатто ба чашмони худ бовар накардам, ки ӯ бо ҳамон олиҳаи зебои идораи мо, ки ҳафтае боз дар қайди ҳаёт нест, ин қадар шиноси наздик бошад.
Беназир ҳамроҳи ҳамин духтараки ҳиҷоб ба сар дар зери теппае, ки аз миёна болояш барфпӯш буд, дар ҳолати омодагӣ ба тирпаронӣ қарор дошт. Тапончаи тамғаи «Макаров» дар дасти ҳамин духтарак буду вай чизеро ба нишон мегирифт. Беназир бошад аз паҳлӯи росташ чун устод дасти шогирдро ба он нишонае, ки дар расм аксаш наафтода буд, рост мекард. Ин расм аз нӯги хамир фатир гуфтани гап буд. Дар он боигонӣ даҳҳо расм, не дурустараш садҳо расм буд, ки шояд ҳар кадоме таърихи ниҳоии худро дошт. Дар пушти ҳар расм, таърихи он сабт гашта буд ва на танҳо рӯзаш, балки макони ба наворгириаш ҳам. Дар тарафи муқобили расме, ки ман нигоҳамро аз он канда наметавонистам, чунин навиштаҷотеро хондам: – Дараи Варзоб, 26.01...
Сипас ман боз дигар расмҳоро чапу рӯ намудам ва боз акси ҳамон дугонаи Беназирро, ки нияти тирпарониро аз худ кардан дошт, бо раис, бо ҳамон марде, ки ду рӯз пеш касе пешонаи вайро шикофта буд дидам. Аз рӯйи навиштаҷоти пушти ин расм дарёфтам, ки он нисбат ба расми аввала таърихи антиқа дорад. Дар рӯйи расм 07.10 навишта шуда буд. Ман ҳамоно суханони Анорро ба ёд овардам, ки гуфта буд мо ҳамаги камтар аз се моҳ боз шинос будем. Ин ҷо бошад... Боз симои он духтаракро, ки дар зери ҳиҷоб ба вохӯрӣ бо Салим Ворис омада буд, пеши назар овардам.

пешина
аз 515
навбатӣ