Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ин суханро гуфтан ҷойиз нест, вале ман акси ӯро бо ду тане, ки бо вай буданду акнун бо зиндагӣ падруд гуфтаанд дида, мақоли халқии «ҳар ҷо, ки расид суми аспи қатаған, на зинда ватан ёбаду на мурда кафан» – ро ба ёд овардам. Ба таври дигар гӯем ба пиндори ҳамон лаҳзаинаи банда ҳамин духтараке, ки боре дар кӯча бо ман рӯ ба рӯ омаду шояд бандаро булҳавас пиндошт ва ман ҳам нигоҳи худро аз он нигоҳи сарди вай гурезонидам, худ як нишонае аз фоҷиа буд. Дар ҳамин биное, ки қариб дар оғӯши зулмот буд, дили ман ба ҳоли Салим Ворис бисӯхт. Симои Салимро бо он мехчагули дар дасташ буда ва боз он дастаи гулро дар дасти ҳамин духатарке, ки то кунун ду расмаш дар дасти банда аст ва гӯё ҳамин ду коғаз вуҷуди маро месӯхт, ба ёд оварда хостам ба вай занг зада огоҳаш намоям, ки худро эҳтиёт намояд, вале...
Ҳамон суханони гуфтаи ӯро нисбат ба Беназир ба ёд оварда, аз занг задан худдорӣ намудам. Шояд ҳамаи инро сабаби дигаре ҳам буд. Мегӯянд, ки гулзор бе хор намешавад ва чӣ хеле ки Фурӯғи Шариф – Беназирро хори милиса номид, ман ҳам дар атрофи Салим акнун андешаҳои мухталиф доштам. Ҳарчанд ҳамаи ин бе далел буд, вале дар ҳамин як лаҳза ҳамкорам Салим «ғолиб» – и андешаҳоям шуд. Боз сари ҳамин масъала худро бо он таскин додам, ки нисбат ба бузургии Худованд ҳамарӯза мешунидам: – «Агар теғи олам биҷунбад зи ҷо, набурад рагеро нахоҳад Худо».
Чун дар байни он расмҳо дигар акси шиносеро надидам, он ду расмро ба ҷайб андохта, боқимонда ҳамаро дар рушноии чандон зиёд ҳам набошад ба ҷояшон гузошта, ғалладонҳоро дар шакли аввалаашон пеш бурдам. Сипас, ба таҳлили плёнкаҳои дар ресмон овехташуда пардохтам.
Худоё он чӣ ки ман дидам, ҳатто аз ба забон оварданаш шарм медорам. Зану мардҳои урён дар оғӯши якдигар. Чунин расмҳо ҳарчанд дар ҳар як плёнка на беш аз се – чор кадр буданд, вале буданд...
Аз дидани ин манзараи пур аз асрор, ки ҳама фаҳш буд, ман ба хулосае омадам, ки ядрои асосии он ҳам дар дохили ҳамин биност. Чун дар девори тарафи чап як харитаи сиёсии ҷаҳон овезон буд, ман ба назди он рафтам ва дидам, ки қисми поёнии харита ба девор маҳкам карда нашудааст.

пешина
аз 515
навбатӣ