Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Тайи муддати дар саҳни ҳавлии бегона буданам, қариб ки нишонае аз ҷиноят наёфтам, боз шон ваколатдори кофтукови ҷиноятиам, номи калону шаҳри вайрон ва шон бо ҳама ваколатҳояш чун дузд, пушти дари фулодин зору ҳайрон...
Дигар ҷойи андеша ҳам набуд бинобар ин ман як маротиба гирди биноро давр зада, ба хулосае омадам, ки ба ҷуз оинаи тирезаро гирифтану вориди бино шудан дигар чорае надорам.
Ман тирезаи тарафи офтоббароро интихоб намудам ва бо азобе яке аз оинаҳои онро кушодам. Баъди даҳ дақиқаи интизории пушти дар ман, вориди яке аз ҳуҷраҳо гаштам. Ба мақсади таваҷҷӯҳи нафареро аз ошёнаҳои болои биноҳои тарафи муқобили роҳи калон, ки онҳо ашрофзода набуданд, ман аз фурӯзон намудани чароғи барқӣ худдорӣ намудам ва ҳуҷраро аз сару бар бо чароғаки дастиам аз назар гузаронидам. Ҳуҷраи дохилшудаи ман андозаи се дар чор метр буда, бо асбобҳои ба наворгирию суратбарорӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда буд. Ба таври дигар гӯем озмоишгоҳи тапа тайёр. Ман ба тарафи дар ҳаракат намудам, то дигар хонаҳоро ҳам аз назар гузаронам, вале мутаасифона дар ҳам маҳкам буд. Барои кушодани он ман ҳаракат ҳам накардам ва ба таҳлили худи хонача пардохтам. Хонача аслан озмоишгоҳи суратгириро мемонд. Дар он ба ҷуз мизу асбобҳои суратгирӣ ҳамчунин тағораҳои пласмасӣ, ки дар дохилашон об бо моддаҳои гуногуни химиявӣ (ба гумони банда) инчунин лампаи рангаш ултрабунафш ва боз асбобу анҷоми суратгирӣ меистод. Дар як гӯшаи ҳуҷра ресмон гузаронида шуда буд ва чанд плёнкаи суратгириеро баҳри хушкшавӣ овехта буданд. Ман таноби он лампаи сеҳрангезро ба ноқилҳои ҷараёни барқӣ пайвастам, вале бенатиҷа. Сипас, ҳар чӣ бодо бод гуфта пушти дар рафта, тугмачаи фурӯзон намудани чароғаки барқиро пахш намудам, вале он манзили кӯчак аз зери зулмот берун нашуд. Ба хулосае омадам, ки соҳибхона ниҳоят эҳтиёткор аст ва тамоми ҷараёни барқро аз нуқтаи алоҳидае хомӯш намудааст. Он нуқта дар куҷо ҷойгир буд, ман намедонистам ва донистани ону фурӯзон кардани чароғҳо ҳам маъние надошт, ки надошт. Банда бояд ба рушноии ҳамин чароғаки дастиам қаноат мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор