Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз он ҷо ба тарафи дарвоза ҳаракат намудам, то бифаҳмам он ҷо чӣ асрорест, вале ин танҳо як тарафи масъала буд. Ман вақте ки чун дузд ҷисми худро ба ҳавлӣ гирифтам, ҳатто андешаи аз ин манзил баромаданро накарда будам, ҳол он ки борҳо шунида будам, ки вақте рубоҳ тариқи обмурӣ ба боғ нияти даромадан мекунад, аввал роҳи аз боғ баромаданро ҳам меҷӯяд. Банда боэҳтиёт пушти он дари кандакорӣ рост шудам ва бо рушноии чароғаки дастӣ ба омӯзиши он асрори ниҳон пардохтам. Яке аз ноқилҳои ба тугмачаи дар пайвастшуда ба чашмаки камераи пушти дар ва дигараш ба тарафи чапи дарвоза пайваст шуда буд. Аз тарафи дигари паҳлударии дарвоза ноқиле бо пайвасткунак (вилка дар назар аст) ба сими аввала пайваст мешуд ва маълум буд, ки он ноқили муваққатист. Маҳз ҳамин ноқил ба тарафи кунҷи девор, ки дар он ҷо аз чӯб баҳри «посбони хона» хаймае сохта буданд мерафт...
Ман ба қулфи дар зеҳн мондам ва фаҳмидам, ки роҳи бозгашти банда ба кӯча аз ҳамин ҷо оғоз мегардад. Қулфро бемалол аз дохил кушодан мумкин буд ва баҳри аз самти дигар маҳкам кардани он калид ҳам лозим набуд, чунки қулф санъати сеҳрангези худро доро буда, баробари пӯшидани дарвоза он ба таври автоматӣ чун ҳама қулфҳои сохти англисӣ худаш маҳкам мешуд. Сипас ман ба сӯйи он хаймае, ки баҳри «посбони хона»
баҳри оне, ки чанд маротиба бандаро ҳушдор сохт, ки фикрҳои ботилро аз сар дур намоям рафтам, вале «паҳлавон» – ро дар манзилаш наёфтам. Ба ҷойи вай хонашери майдонғариб (саг дар назар аст) дар як кунҷи хайма асбоби махсусе меистод. Асбобе аз қабили магнитафон ва рафту агар ҳазор бор дар як рӯз он тугмачаи пушти дарро зер намоянд, ӯ бо тамоми овоз наъра мезанаду наъра. Ана ёбу гир... Акнун, ки банда баҳри худ роҳи бозгаштро муайян намудам, чун худи соҳибхона ба тарафи дари даромадгоҳи бино ҳаракат намудам, гумон доштам, ки ман бе ягон душворие тариқи кушодани дар худро дохили бино мегирам. Чун пеши дар расидам тарбуз аз бағалам афтид. Дар фулодин буду кушоданаш ғайриимкон. Барои бо чунин дар даст ба гиребон шудан, ақалан таҷрибаи бойи қулфкушоӣ доштан лозим буд. Афсӯс бар он хӯрдам, ки дар вақташ панди пирони авлодро ки мегуфтанд «ба як ҷавон чил ҳунар кам аст» нагирифтам ва акнун дар пеши дар дармонда будам.

пешина
аз 515
навбатӣ