Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

... 18 ...
«Дар байни бало будан беҳ аз бими балост» – гуфтани мардумро дар ҳамин як соати дар интизорӣ гузаронидаам, чанд бор ба ёд овардам.
Ақрабаки соат ба бисту чор наздик шуда буд, ки ман пушти дарвозаи кандакоришудаи гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо рост шудам ва баҳри аз байн бурдани ҳама гуна гумонҳои ботил ба дерии вақт нигоҳ накарда, даст ба тугмачаи занги болои дари дарвоза бурдам.
Баробари тугмачаро зер намудан «посбон» аз пушти дарвоза овоз рушан кард ва рассо як дақиқа бо ак – аки худ пар-даи гӯши банда бидарид. Чун соҳибхона тақдири хонаашро ба «посбон» ва тақдири посбонро ба тугмачаи пушти дар супори-да буд, ман ҳатто интизори омадани вай нашуда, аз паҳлӯи дарвоза ба тарафи рост ҳаракат намудам ва бо азобе худро болои девор гирифтам. Сипас, чашм ба дохили ҳавлӣ духтам ҳама ҷо орому сокит буд. Сагро ҳам дар ягон кунҷи ҳавлӣ надидам ва ҳарчанд кулли мардум дар хоб буданд, банда аз он хавотир будам, ки маро касе болои девор набинаду дузд гумон сохта, ба милиса занг занад. Маҳз дар ҳамин лаҳза ман ба ёд овардам суханони сардори бахшро, ки бо кадом роҳу восита мехостааст, ки вориди ин манзил шавад. Ҳарчанд Наврӯз Умар нагуфт, ки он роҳу восита кадом аст, вале дар ҳамин лаҳзаи ноқулай ман ҳамаашро ба ёд овардам, яъне мо меомадему раиси маҳалла ё ду се ҳамсояро мегирифтем ва мегуфтем, ки касе ба мо телефон намуда арз кард, ки дар ҳавлӣ дузд даромадааст, ё дар ҳавлӣ сухторро дидаанд, вале касе дар хона нест, умуман, ягон баҳона пеш оварда, вориди ин манзил мешудем...
Ман ҷисми худро ба дохили ҳавлӣ гирифта, муддате дар ҷоям гӯш ба қимор шудам. Ҳама ҷо орому сокит буд. Аз паҳлӯи девор то пушти хона ҳамагӣ даҳ понздаҳ қадам буд, вале ман нияти яку якбора ба он ҷо рафтан ҳам накардам. Аз ҷойи истам дар рушноии хираи чароғҳои кӯча қариб, ки тамоми саҳни ҳавлиро аз назар гузаронида, сипас аз паҳлӯи девор оҳиста– оҳиста ҳаракат намуда, ба тарафи муқобили бино рафтам. Чун дар ягон тиреза рушноие надидам ба хулосае омадам, ки дар дохили бино касе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор