Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нисбат ба Эшонова ҳарчӣ бештар мавод гирд овардан лозим ва умед бар он мебандем, ки ин кор ба мо даст медиҳад.
– Бо кадом роҳ?
– Бо гург ба забони худи вай сухан гуфтан лозим, вагарна ҳама гуна талош бе натиҷа мемонад.
– Яъне ки бо роҳи ғайриқонунӣ вориди он манзил шудан.
– Бале.
– Рафту ба даст афтӣ чӣ?
– Дар ин ду шабонарӯз, яъне баъди вохӯрӣ бо пиразан ман ба хулосае омадам, ки дар замоне, ки посбон (саг дар назар аст) баҳри ҳифзи манзил дасту остин барзадааст, касе дар он манзил нест, ё дар акси ҳол ба ҷои соҳибхона каси дигар он ҷост.
– Дар ҳақиқат гумон дорӣ, ки онҳо саг надоранд?
– Бале ва боз...
– Боз чӣ?
Ман хостам, ки дар бораи занги телефонӣ ба тарабхонаи «Кайҳон», ки Анори Зокир нақл карда буд, гап занам, вале боз худдорӣ намудам, чунки худам ҳам чандон то кунун ба бегуноҳии пешхизмати тарабхона боварӣ надоштам, бинобар ин ба суоли Наврӯз Умар чунин посух гуфтам:
– Ба андешаи банда дар он манзил касе зиндагӣ намекунад.
– Пас соҳибхона дар куҷост?
– Намедонам ва моро ба ҷуз вориди он манзил шудан чорае нест.
– Ба чунин амал кай нияти даст задан доред?
– Ҳамин шаб.
– Танҳо.
– Танҳо.
– Беҳтараш мо бо ягон роҳу воситаи дигар аз асрори он манзил воқиф шавем, рафту...
– Таваккал нар бувад...
– Чӣ илоҷ, набошад ман худам бо шумо меравам.
– Беҳтараш ба ман бовар намоед.
– Худатро эҳтиёт намо, фаромӯш насоз, ки ба ҷуз Наталя Василевна туро Анорабону ҳам интизор аст, – гӯён Наврӯз Умар аз ҷой бархест…

пешина
аз 515
навбатӣ