Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бо дигар ҳамсояҳои Зокирова суҳбат накардед?
– Имконият нашуд.
– Дар бораи Эшонова чӣ маълумоте ба даст овардаед?
– Ба ҷуз он чӣ ки болои ҳамин варақ омадааст (ман ба дастам ба коғази дар дасти вай буда ишора намудам) дигар ҳеҷ.
– Нуқтаи назари шумо дар бораи Эшонова?
– Намедонам чӣ гӯям.
– Ҷомаи бомаслиҳат кутоҳ намеояд.
– Чӣ илоҷ гуфтам ман ва аз дидаю шунидаи худ, аз он чӣ ки овози саг чун посбони манзил ба занги дарвоза пайваст шудааст ва боз суханони он пиразанро…
– Яъне ки криминал?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Дигар ӯро чӣ тавр метавон арзёбӣ кард, ҳарчанд моро нисбат ба вай далеле баҳри дайн намудани гуноҳаш нест.
– Соате пас ман ба он манзил меравам. Рафту далеле ба даст оварам сари субҳ шуморо огоҳ мекунам.
– О, гуфтед, ки пеши дарвоза, тариқи воситаҳои техникӣ назорат карда мешавад.
– Ҳа, гуфтам.
– Пас куҷост кафолат, ки онҳо дарвозаро ба рӯйи шумо мекушоянд.
– Ман аз пӯшт, аз болои девор вориди ҳавлӣ мешавам.
– Чун дузд?
– Моро дигар илоҷе нест.
– Ин амали ба нақшагирифтаи шуморо банда ҳамчун сардори бахш намепазирам.
– Чаро?
– Ҳаминаш намерасид, ки мо бар хилофи қонунҳои ҷорӣ ғайриқонунӣ вориди манзили шахс шавем.
– Ин ҳамааш ба хотири тезонидани кор аст. Ба замми ин кӯча ниҳоят танг аст ва имконияти аз гӯшае ба зери назорат гирифтани он дарвозаи кандакоришуда нест.
– Мо дар доираи қонун вориди он манзил мешавем.
– Гумон намекунам, ки чунин амал натиҷаи дилхоҳ диҳад.
– Пас чӣ бояд кард?

пешина
аз 515
навбатӣ