Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳаминаш, ки корманди милиса бо шоҳид рози дил мекунад.
– Ӯ шоҳиди оддӣ нест.
– Чӣ хел?
– То кунун ӯ дар рӯйхати гумонбаршудагон қарор дорад.
– Ё тавба, наход рӯйирост ба пойи худ кишан занед.
– Рафту вай гунаҳкор бошад хоҳиш мекунам, ки бандаро барои дастгир намуданаш нафиристед.
– Ба фикрам, вай нав нияти худатро ба дом кашидан дорад.
– Аз куҷо фаҳмидед?
– Ҳамон лаҳзаҳо аз пушти дарат гузашта истода, овозашро шунидам, ки аз осмон овардани ситораро талаб надоштааст, вале...
– Ӯ ҳамон нафарест, ки ин субҳ Воҳид Камол аз номи Шукрихудоев оид ба чӣ тавр дар ҷойи ҳодиса пайдо шудани банда изҳори нигаронӣ намуд. Зан ҳам бошад мефаҳмад, ки аз рӯйи вай шуда, роҳбарият сари бандаро сила намудааст ва акнун нияти ҷуброн намудани товони зарарӣ ба ман расонидаашро дорад.
– Яъне ки байни шумо ягон чиз набуд?
– Набуд.
– Вай дар бораи куштор чӣ медонад?
Ман сухане нагуфта, гузориши ҳанӯз нимнависамро ба дасташ додам.
Наврӯз Умар он ду саҳфаи нотамомро қироат намуда гуфт:
– Номаш Файзиддин будааст.
– Ҳа Файзиддин.
– Дар гузориш овардаед, ки Анори Зокир ба раис будани вай боварӣ надоштааст.
– Ҳа, ҳамааш айнан чунин аст.
– Набошад, ин лақабаш будагист?
– Намедонам.
– Кӯшиши муайян намудани суроғаи бародари Беҳрӯз Ниёзро дар Кишнёв накардед?
– Зокирова дар ин бора маълумоте надорад.
– Ин ҳанӯз анҷоми кор нест, дурустараш ин ҷавоб нест.
– Мефаҳмам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор