Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳамаи ин чун ҳамёзаи ҳасрат, ки аз оғози рӯз дар вуҷуди инсон падид меояд, қалби банда бишкофт, вале боз шӯълаи умед чун нур қалбу рӯҳи маро ба анҷоми неки он ҳидоят намуд…
... 17 ...
Дар лаби ҷӯ ҳар қадар нақше, ки ҳаст,
6 Аз лаби сели баҳорон мондааст...
Шинос ё ба домафтида гуфтани ҳамон пиразане, ки дар самти муқобили он қасри кошӣ иқомат дошту банда вайро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода, дар ин ду рӯзи охир дар гӯшам садо медоду садо. Дар се талоши худ, ман ба ҷуз он дарвозаи кошӣ, ки болояш гунбаз дошту аз воситаҳои техникии ҳозиразамон муҷҷаҳаз буд, дигар чизеро надидам. Се маротиба гӯё зери кӯҳи азиме қарор доштам ва ҳатто намедонистам, ки паси он кӯҳ чист. Баъди рафтани Анори Зокир ва занги телефонии Наталя Василевна дар замоне, ки банда болои коғазҳои сафед хома мебурдам, сардори бахш Наврӯз Умар ба дафтари кории ман даромад.
– Марҳамат гузаред,– гӯён ман ба хотираш аз ҷой бархеста, курсиеро нишон додам.
– Баъди субҳ дигар шуморо надидаму пеш аз ба хона рафтан аз рӯйи одат аз пеши даратон гузашта истода чароғатонро фурӯзон дида даромадам.
– Шодам, ки бандаро ёд намудед.
– Вай кӣ буд?
– Кӣ?
– Ҳамоне ки соате пештар пушти дар аз муҳаббат бо шумо ҳарф мегуфт.
– Шоҳид.
– Аҷиб.
– Чияш аҷиб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор