Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ӯро ҳам фаҳмидан лозим.
...
Қалбам хомӯш шуд ва банда низ лаҳзае осуда шудам. Ҳар кас баҳри зиндагӣ талош меварзад, аз ҷумла Анор низ. Дар замоне, ки симои Анор аз пеши назарам дур нашуда буд, телефон садо дод ва ман гӯшакро бардоштам.
– Кай меоӣ?– шунидам ман овози ҳамсарамро.
– Намедонам ман бояд ҳамон қафомонии дирӯзаро ҷуброн намоям, чӣ буд?
– Ба ҷойи кори мо барои театр билет овардаанд ва пеш аз он ки банда даст ба ҷайб барам, туро ба ёд овардам.
– Не, ман рафта наметавонам.
– Ман ҳарчанд ба ҳамин духтараки қашанг, ки ба ин ҷо билет овардааст фаҳмондам, ки шавҳари банда, вақти ба театр рафтан надорад, бовар накард ва акнун ту ҷонам кори маро хело ҳам осон кардӣ.
– Ту пеш аз он ки бандаро интихоб намуди ба фикрам дар куҷо кор карданамро медонистӣ?
– Аслан оғози муҳаббати ту дар заммири банда аз ҳамон театр сарчашма мегирад, ё гапам нодуруст.
– Не, дуруст.
– Ман намефаҳмам, ки дар ҳамин бегоҳӣ барои ба театр рафтанамон чӣ монеае туро садди роҳ шуда бошад?
– Имрӯз шанбе, агар хоҳӣ метавонӣ барои фардо билет гирӣ.
– Магар чунин имкониятро ман метавонам пушти по занам.
– Набошад фардо бегоҳ ба театр меравем, гӯён ман гӯшакро ба ҷояш гузоштам.
Суханони лаҳзае пеш чун ултиматум пешниҳод кардаи Наталя Василевна ҳам болои он андешаҳо сарборӣ шуд.
Ман акнун фаҳмидам, ки кор гуфта қариб оиларо ба гӯшаи фаромушӣ додам. Ҳарчанд ба ёд овардам, ки бори охир кай ба театр рафтам, натавонистам. Он рӯзи якшанбе ба боғи ботаникӣ рафтанӣ шудему аз марги Беназир хабар ёфтем. Кай бори охир ба мактаб рафта, аз аҳволи Далер хабар гирифтанам ҳам ба ёдам наомад. Тайи ин муддат Наталя Василевна чанд маротиба Абдумаҷиди хурдакакро, ки гирифтори касалии «Гемофилия» аст ба маркази бемориҳои хун бурд ва ман кор гуфта боре ҳам ӯро ҳамроҳӣ накардам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор