Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чун он нуқтаи сиёҳ аз монитори хотирам берун нашуд ман ҳамсояи Анор Беҳрӯз Ниёзро чун номзад ба мақоми шахси гумонбар пешниҳод намудам. Ӯ ба ин мақом сазовор буд, ё не ман намедонистам, вале боварӣ доштам, ки вақт ҳамаи нуқтаҳоро дар ҷояш мегузорад. Вақт довари кори мову ман аст ва моро ба ҷуз интизор шудан боз ба қадри вақт расидан лозим буд...
... 16 ...
Ману Анор боз соате сари суҳбат қарор доштем ва қарибиҳои намози аср худоҳофизӣ намудем. Ба ростӣ баъди вохӯрӣ бо муфаттиши прокуратура пешхизмати тарабхона хеле болидарӯҳ менамуд.
Дар санҷаи дар ӯ лаҳзае боз таваққуф намуда пурсид?
– Кай вомехӯрем.
– Худат шоҳид, ки мо дар кадом вазъ қарор дорем ва рафту пешравие дар кор нашавад, сардор моро пӯст хоҳад канд.
– Ман метавонам ба омаданат умед бандам.
– Беҳтар мебуд, ки ин фикрро аз сар дур мекардӣ.
– Чаро ё ман ба худат маъқул нашудам?
– Ман ин хел нагуфтам, вале худат нағз медонӣ, ки банда мурғи озод нестам.
– Мурғи озод, мурғи озод, ин ҳама гапҳои кӯҳна. Инсон бояд тарзе зиндагӣ намояд, ки фардо пушаймон нашавад. Ман аз осмон ситора овардани худатро талаб надорам фақат мехоҳам, ки гоҳ – гоҳе дар паҳлӯям бошӣ. Ба инаш чӣ мегӯйӣ?
...
– Маълум, ки дилат мекашад, ҳарчанд шикасти худро бо забон тасдиқ кардан намехоҳӣ. Ман боз меоям,– гӯён Анор дигар мунтазири ҷавоби банда нашуда аз дар баромад.
Ман боз танҳо мондам, танҳо бо андешаҳои худ бо андешаҳое, ки ба ҷойи кам шудан, баръакс зиёд мешуданд. Акнун аниқ буд, ки Анор боз пой ба ин остона хоҳад гузошт ва на як бору ду бор.
– Ӯро ба ҷояш шинондан лозим буд, нидо омад аз заммирам.
– Барои кадом гуноҳаш?
– Гӯё ки намедонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор