Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки дар ин ду рӯз мо аслан ба шахсияти собиқ муаллим, ки аз кори таълиму тарбия даст кашида, худро мутеъи бозор сохтааст аҳмият надодем, дурустараш нисбат ба шахсияти вай таваҷҷӯҳ зоҳир накардем.
Сабаби сар задани ҳама гуна ҷиноят ин мақсади муайянест ва кӣ метавонад бе мақсад ба хуни ноҳақ даст занад, ҳар чанд дар зиндагӣ мутаассифона аҳён – аҳён ҳам бошад чунин ҳолатҳо рух медиҳанд, вале на дар ҳолати дирӯза...
Муносибати Беҳрӯзи Ниёз ва Файзиддин, ки то кунун шахсияташ пурра муайян карда нашуда буд, нигоҳи махсусро талаб мекард. Нигоҳро дар шакли ростхата не, балки аз кунҷи муайян, аз кунҷе ки нур чун қувваи офтоб паҳн мешавад. Дар замоне, ки банда бо нигоҳи дил он кунҷро ҷӯё шудам, боз ҳамон нуқтаи сиёҳ рӯйи монитор омад. Беҳрӯзи Ниёз ҳам метавонист қасд ба ҷони собиқ раис намояд. Вай ё худаш, ё тавассути киллер метавонист бо оне, ки дар тарабхонаи «Кайҳон» бо ӯ дар бораи фоизи кадом қарзе сари баҳс қарор дошт, ҳисобашро баробар намояд. Барои ин ӯ ҳатто шароити муайяне ҳам фароҳам оварда буд. Ба ҳамин мақсад ӯ дидаю дониста калиди хонаашро ба дӯсташ раис додааст, то ӯ калиди эҳтиётии хонаи ҳамсояро бигираду бемалол вориди он хона гардад. Дар ин ҷода ҳам ба дурандешии собиқ муаллим аҳсан бояд гуфт. Ӯ чунон нақшаи аз байн бардоштани дӯсташро тарҳрезӣ намудааст, ки наздаш кулоҳ мебояд аз сар гирифт. Агар дар ҳақиқат ӯро мақсаду мароме дар пеш будӣ, аз ин вақти қулайтар ёфтанаш ба гумон... Анори Зокир гуфт, ки дар замоне, ки ҳамсоя дар хонааш буд Файзиддин борҳо калиди эҳтиётиро гирифтаву вориди хонаи ӯ шудааст. Пас чаро чунин вазъияте фароҳам наовард, ки дар набудани соҳибони хона низ Файзиддин дар хонаи дӯсташ истоданро ба худ раво надонад. Аз эҳтимол дур нест, ки баъди рафтан ба Молдова Беҳрӯз Ниёзович хонаҳояшро дар ҳолати ғайрисанитарӣ ё худ ремонт нигоҳ надошта бошад. Маҳз ҳамин ҳолат ҳам метавонад садди роҳи дӯсташ дар интихоби манзили мувақатии шабона гардад.
– Чаро не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор