Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ман бигӯ дӯстат кист ва ман мегӯям, ки ту чӣ касӣ, – мегуфт полковники милиса Амириён, ки солҳои нав ба кор омадани банда, милисаи Гулистонро сарварӣ дошт. Аз суханони имрӯзаи Анор банда ба хулосае омадам, ки Беҳрӯзи Ниёз беҳуда Файзиддинро раис нагуфтааст.
Охир калимаи раис ин танҳо маънии мансабро дар ягон сохтори муайян надорад. Аксар вақт мардум чун онҳоеро, ки бало аз дасташон намеояду мансабу мартабае дар ҷамъият надоранд, ё ба шакли киноя, ё ба таври хушомад раис мегӯянд.
Анор гуфт, ки шиносоии вайро бо раис ҳанӯз се моҳ ҳам нашудааст, дар ин муддат онҳо на беш аз шаш вохӯрӣ доштанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Анор то кунун намедонад, ки раис дар куҷо раис буд? Ба суоли маҳбубааш Файзиддин посух гуфтааст, ки дар объекти махсусан муҳиме сарвар аст ва онро чун асрори махфии давлатӣ кушода наметавонад. Дар ин муддат ӯ тариқи ҳамсояааш Беҳрӯзи Ниёз низ дар бораи раис маълумоти бештаре ба даст оварда натавонистааст. Онҳо низ ҳамсояи ба дом афтондаашонро бовар кунонидаанд, ки Фай-зиддин дар яке аз объектҳое, ки характери ҳарбӣ дорад сарвар аст.
Тири дар пешонаи раис ҷо ба ҷо шуда, худ шаҳодат аз он медод, ки ӯ ба корҳои ғайриқонунӣ машғул будааст. Шаҳодати ин метавонад суханони дар вохӯрии дирӯза бо Анори Зокир гардад. Дирӯз вақте ки мо аз прокуратура ба тарафи милиса меомадем, ӯ ба суоли банда: – ҳеҷ нафаҳмидед, ки ҳамсоя бо раис он бегоҳ сари кадом масъала суҳбат дошт, пешхизмат чунин посух дод:– «Дар бораи фоизи кадом қарзе баҳс доштанд ё амсоли ин».
Акнун, ки раис нест ба ин суол танҳо як нафар ҷавоб дода метавонист, вале ӯ ҳам дар ҷумҳурӣ набуд...
Дар монитори хотирам як нуқтаи сиёҳе мисли ҳамон нуқтаҳое, ки дар экранҳои назоратии қувваҳои зидди ҳавоӣ пайдо мешавад, падид омад. Аз чунин амал дилам фишурда шуд. Наход ин ҳама нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда бошад. Бар хилофи андешаҳои банда ҳамон нуқтаи сиёҳу ноайён чун нишонаи ҳаракати тайёраҳо, ки оператор онро тариқи экран аз зери замин бо қувваи лакатор назорат мекунад, рӯйи монитор омад…

пешина
аз 515
навбатӣ