Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Акнун рафтем,– гӯён ман аз ҷой бархестам.
– Ба куҷо?
– Ба тановули нисфирӯзӣ.
– Ман гурусна нестам. Беҳтараш шуморо ман дар берун интизор мешавам.
– Бе худат ман қадаме нахоҳам гузошт.
Баъди даҳ – понздаҳ дақиқа мо вориди қаҳвахонаи рӯ ба рӯйи бинои милиса шудем...
... 15 ...
Дар вақти таъиншуда мо ба дари дафтари кории муфаттиш ангушт задем. Фурӯғи Шариф бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифта, ба нишастан таклиф намуд ва аз чойник ба пиёлаҳо чой рехта, наздамон гузошт. Маълум, ки ӯ нисбат ба мо ягон ним соат пештар омада буд, вагарна чӣ тавр метавонист, ки баҳри мо чой тайёр намояд. Сари як пиёла ҷой мо хело суҳбат намудем ва дар интиҳо суҳбати мо аз доираи умумӣ берун баромада, характери расмиро гирифт. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду банда маъзарат хоста, аз ҷой бархестам. Ҳангоми тановули нисфирӯзӣ ману Анори Зокир бо азобе сари ин масъала ба мувофиқа омадем ва акнун пешхизмати тарабхона ҳам ҷиҳати ӯро дар танҳоӣ бо муфаттиш гузоштан изҳори нигаронӣ накард...
Ман боз ба милиса омадам, чунки ба Анор ваъда додам, ки вайро дар дафтари кориам интизор хоҳам шуд. Дигар ба куҷо ҳам мерафтам.
Дар ин се соате, ки банда ҳамроҳи Анор будам, танҳо ӯро гӯш намудам. Ҳатто дар қаҳвахона ҳам ӯ дар бораи раис гап заду гап... Инкор намекунам, ман гоҳ – гоҳ ба ӯ суол медодам ва ба суолҳои худ посухи вайро мегирифтам, ҳарчанд баъзан посухҳои шунидаам маро қонеъ намекарданд. Ба ҳар ҳол то ҷое тавонистам ман симои Файзиддин, ё худ раисро дар монитори хотиротам баҳри аз сари нав ӯро рӯйи саҳна овардан ҷо ба ҷо намудам.
Акнун, ки ман танҳо будам, сари суҳбати худ бо Анори Зокир тавоққуф намудам ва боз ҳамон саҳнаи муҳаббати раису пешхизматро рӯйи саҳнаи монитор овардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор