Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар хабари шумо қимати бештаре дошта бошад, банда тайёрам, ки...
– Он ҳама навиштаҷотро ба оташ партоед,– сухани вайро бурида гуфтам ман.
– Барои дарёфти ҳақиқат чунин амал ҳам кам аст.
– Набошад гӯш кунед, – гуфтам ман ва ба таври мухтасар муфаттишро аз ташрифи Анор ва суҳбати чанд лаҳза пештар бо банда доштааш огоҳ намудам.
– Ин хуб аст, ки Анор худ ба милиса ташриф овардааст, ҳамин як амал басанда аст, ки мо ба бегуноҳии вай бовар намоем. Анор бо ҳамин амалаш қарзи шаҳрвандии худро дар назди қонун ба ҷо овардааст.
– Хуш мо чӣ кор кунем?
– Чӣ шумо танҳо нестед?
– Не, ин ҷо мо ду нафар, яъне ману Анор. Анор мехоҳад, ки шумо муҳтарам муфаттиш нишондоди ҳозираи вайро дар доираи қонун ба расмият дароред.
– Ҳарчанд дар хона корҳои зиёде бандаро домангиранд, вале сухани шуморо шикаста наметавонам. Набошад биёед маслиҳат мекунем.
– Гӯш мекунам.
– Ба фикрам пешин шудааст ё гапам нодуруст?
– Бале. Дуруст. Соат 1220 дақиқа.
– Расо соати 1400 ман шуморо дар прокуратура интизор мешавам.
Бовари дорам, ки дар ҳамин муддат шумо ҳам бо тановули нисфирӯзӣ ҳисобу китобатонро баробар хоҳед кард.
– Бисёр хуб,– гӯён ман гӯшакро ба ҷояш гузоштам.
– Ман бошам дар бораи вай дигар хел ақида доштам.
– Ақидаи манфӣ?
– Бале.
– Акнун чӣ?
– Нигоҳам баъди суханҳои гуфтаи вай ба одаму олам дигар шуд.
– Фурӯғ ҷони одам ба ростӣ чунин инсонҳо ангуштшуморанд.
– Баҳс намекунам.

пешина
аз 515
навбатӣ