Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чӣ ба ман бовар намекунед?– ба хомӯш истодани банда тоб наоварда гуфт Анор.
– Бовар мекунам. Ман ба ҳамаи суханони шумо бовар намудам. Метавонед осуда бошед.
– Акнун чӣ мешавад?
– Рафту ин даъфа ҳам...
– Ба номи он Худои бузург ҳамаашро рост гуфтам.
– Набошад чӣ ҷойи тарс.
– Охир ман дурӯғ гуфтам ва акнун намедонам чӣ кунам?
– Ин ҳамааш дарди бахайр аст, дарди бахайр...
– Аз нигоҳи худат?
– Не, аз нигоҳи қонун.
– Миннатпазирам.
– Акнун ин ҳама гуфтаҳоятро боз як маротиба такрор намуданат лозим ва на дар ин ҷо.
– Дар куҷо?
– Дар назди муфаттиши прокуратура .
– Гумон доред, ки вай ҳам маро мефаҳмад?
– Албатта.
– Ман намедонам чӣ хел ба назди вай равам. Охир тамоми навиштаҳои пештараи вайро ман бо ин нишондодам ба хокистар табдил медиҳам.
– Боке нест. Дар ин ҷода ман худам шуморо то назди муфаттиш гусел мекунам.
– Зид нестам.
Ман ба дафтари кории муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф занг задам, вале касе гӯшакро набардошт. Сипас, ман рақами хонаи муфаттишро аз дафтарчаам ёфта, ба хонааш занг задам.
– Гӯш мекунам.
– Майори милиса Абдумаҷидов аминам, ки бонуи муҳтарамро аз кораш намондам.
– Акбар Ҳакимович ба Худо гумон надоштам, ки шумо занг мезанед, аз шунидани овозатон ҳам шодам.
– Ман ҳам, вале бояд иқрор шавам, ки баъзе аз навиштаҳои шуморо аз ҳодисаи дар кӯчаи Айнӣ рухдода, аз эътибор сокит намудан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор