Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Соат дар девори рӯ ба рӯйи ҷойи телефон буд. Ба замми ин соати калон дар пушти дари даромадгоҳи тарабхона аст.
– Дар бист дақиқаи дигар шумо тағири либос намудед?
– Не, тай ин муддат ман аз роҳбарият бо баҳонае рухсати рафтан пурсидам, сипас ҳамаи он мизоҷонеро, ки банда дар хизматашон будам, ба Гулноз бурда нишон додам ва гуфтам, ки акнун Гулноз ба онҳо хизмат мерасонад ва ҳисобу китобро бо ӯ баробар намоянд. Ҳамчунин ба Гулноз дафтарчаи қайдҳоямро додам ва танҳо баъди ин тағири либос намуда, аз тарабхона берун шудам.
– Вақте ки дар рӯ ба рӯйи бино қарор гирифтед, аз бино баромадани ягон шахси ношиносро дидед?
– Не.
– Шояд шумо ҳамон вақт аҳмият надодед?
– Дар он бист дақиқае, ки ман дар тарафи муқобили бино будам, лаҳзае нигоҳи худро аз он самт накандам.
– Гуфтед, ки ҳангоми гуфтугӯйи телефонӣ овози сагро шунидед.
– Ҳа, овози сагро ва боз...
– Боз чӣ?
– Ба фикрам дар ҳамон лаҳзаҳо касе вориди он ҳавлӣ шуд.
– Аз куҷо фаҳмидед ё раис гуфт.
– Ду маротиба занги дар баланд шуд ва ду маротиба саг бо ак– аки худ пардаи гӯши мо бидарид.
Дар хулосаи ташхиси тиббӣ омада буд, ки тир дар байни соатҳои 2045 – 2100 пешонаи ўро шикофта… Ин нуқтаи назарро ҳатто бо шамшер ҳам буридан ғайримикон буд. Ҳамин ҳолатро ман ба ёд оварда, ба хулосае омадам, ки рафту агар касе аз Анор домангир шавад, ӯ баҳри ҳимояи худ алиби боэътимоде дорад. Ҳамзамон ман ба хулосае омадам, ки қотилу мақтул ҳарду дар лаҳзаи телефон намудан як ҷо буданд. Маро танҳо як фикр ором намегузошт, ин ҳам бошад ак – аки саг ва андешаи Анор дар бораи аз кадом ҳавлие занг задани Файзиддин. Ҳарчанд дар ин бора банда аллакай таҷрибаи нафареро пайхас намуда будам, вале дар бораи ин ҳама андешаҳои худ ман алфозе ба забон наовардам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор