Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Баъди бист дақиқа ман дар тарафи муқобили кӯча омадани раисро интизор шудам, чунки мехостам бо ӯ дар рӯйи роҳ яку якбора худоҳофизӣ намоям. Албатта, рӯйи роҳ ба манфиати банда буд. Муддати бист дақиқаи дигар ман роҳи ӯро нигоҳ намудам, вале ӯ наомад. Ниҳоят интизорӣ ба ҷонам заду ман ба тарафи бино гузаштам ва аз зинаҳо ба боло рафтам. Калидро ба сурохии дар гузошта онро тоб додам, вале калид тоб нахӯрд, гумон кардам, ки қулф кардани дарро фаромӯш намудам ва онро ба тарафи худ кашидам. Дар кушода буд. Ҳайрон шудам. Ба ҳар ҳол худро ба даст гирифта, вориди хона шудам ва аввал чароғи роҳравро фурӯзон намудам. Сипас дарҳоро бо навбат кушодам ва Файзиддинро бо пешонаи сурох дидам...
Ман ҳамоно ба қафо баргаштам ва он калидҳои эҳтиётиеро, ки раис аз пушти дари ҳамсоя гирифта пушти дари ман овехта буд гирифтаму дарро пушида аз зинаҳо ба поён давидам. Ман дар ҳарос будам, ки нохост аз пешам милисаҳо набароянд ва ба дастонам кишан назананд. Дар пеши бино ҳамсоязан холаи Зайнабро дидам, ки ҳангоми вориди бино шуданам ҳам бо ӯ рӯ ба рӯ шуда будам. Ӯ бо нигоҳе бандаро то рӯйи роҳ гусел намуд. Ин дафъа ман ба таксӣ нишаста, то пеши тарабхона рафтам, то ки аз мадди назари ҳамкорон дур набошам. Чун дохили тарабхона шудам шуморо дидам...
– Ҳамааш ҳамин?
– Ҳамин.
– Калидҳоро дар куҷо мондӣ?
– Баъди рафтани шумо дар пушти китобҳо.
– Яъне ки калидҳо ду нусха буданд?
– Ҳа ду нусха.
– Калидҳои ҳамсоя ҳам дар дасти худат?
– Бале. Онҳоро ман аз пушти китобҳо гирифта, пушти дари ошхона гузоштам.
– Баъди бист дақиқа пеши хона омадӣ?
– Ҳа, баъди бист дақиқа.
– Кай вай занг зад?
– Соати 2035 дақиқа.
– Чӣ тавр соати зангзании вай дар ёди шумо монд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор