Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Аккоси бадҳайбати саг муддате маҷбур сохт, ки мо муҳри хомӯшӣ ба лаб гирем. Сипас, ман ба ӯ гуфтам, ки ба та-рабхона биёяд, вале ӯ худ розӣ нашуда гуфт, ки ба хонаи ҳам-соя Беҳрӯз Ниёз мераваду ман ба ҳамон ҷо биёям...
Анор боз нигоҳашро ба фарш дӯхта хомӯш шуд.
– Баъд чӣ шуд?
– Шояд бандаро зани сабукпой пиндорӣ,– нигоҳашро аз фарш наканда гуфт Анор.
– Фикрҳои ботилро аз сарат дур намо.
– Ба ростӣ, ба ҷуз падари Шаҳром, боз се мард дар замири банда тухми муҳаббат коштаанд. Ду нафарашро шумо медо-нед ва сеюмаш ана ҳамин раис буд.
– Баъд чӣ шуд?
– Ман розӣ нашудам.
– Боз чӣ?
– Файзиддин, ё чӣ хеле ки гуфтам, раис гуфт, ки худи ҳозир ба хонаи Беҳрӯз рафта, калидҳои хонаи маро аз пушти дар мегираду ба хонаи худам даромада омаданамро интизор мешавад. Чунин ҳодиса бори аввал набуд ва чун ҳамсари Беҳрӯз Ниёз он вақтҳо дар хонааш буд, ӯ ҳамеша калидҳоро аз пушти дари ҳамсоя гирифта, ба хона медаромад ва омадани маро интизор мешуд. Ман хостам эътироз намоям, вале дар ҳамин ҳолат боз ак – аки саг баланд шуд ва ӯ худ телефонро хомӯш кард.
Ман кайҳо муносибатамро аз Файзиддин канданӣ будам ва хостам, ки рафта инро ба вай гӯяму калидҳоро аз дасташ гирифта, худашро аз хона пеш намоям. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ман чи кора будани вайро намедонистам. Ҳарчанд он шаб дар тарабхона Беҳрӯз Ниёз ӯро ба ман чун раис муаррифӣ намуд, вале дар чанд вохӯрии маҳрамонае, ки бо ӯ доштам дар ниҳоди вай ягон нишонае аз хирад надидам. Дар рӯзҳои охир ман ба хулосае омадам, ки Файзиддин аз раис дида, ба роҳзан, ё худ бандит наздиктар аст ва боз ин занги телефонии нобаҳангом қалби ман якбора бишикаст. Баҳри нуқта гузоштан дар муносибатҳои минбаъдаамон ман аз роҳбарият рухсат пурсида ба хона рафтам. Вақте ки ман аз бинои тарабхона баромадам ақрабаки соат 2055 дақиқаро нишон медод. Чун ман аксар вақт тариқи нақлиёти шаҳрӣ ба хона мерафтам, он бегоҳ ҳам ба троллейбус нишастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор