Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ман чанд қадам ба дохили толор гузоштам ва сипас ба қафо баргашта даст дар китфи шумо гузоштам. Сипас шуморо ба кунҷи толор бурдам ва гуфтам, ки бароятон хабари муҳиме дорам ё амсоли ин. –
– Гуфтам ё не?
– Ҳа, гуфтед.
– Яъне ки суханони маро инкор намекунед?
– Не, албатта.
– Дар ҳамон муддате, ки ман ба шумо хӯрок ва чой овардам, баҳри худ ҳамон қиссаи либосҳои Беназирро, ки гӯё онҳо дар байни либосҳои ман буданд тайёр намудам.
– Баъд чӣ шуд?
– Маҳз бо ҳамин баҳона ман шуморо ба хона бурдам ва шумо шоҳиди воқеае шудед, ки банда қариб ду соат пештар дида будам.
– Ман боварӣ дорам, ки шумо гуноҳе надоред, ё гапам нодуруст?
– Намедонам, вале бо гуноҳи банда ҳама сару калобаашонро гум намуданд.
– Беҳуда худро гунаҳкор насозед. Акнун асли воқеаро ба ёд биёред.
– Ман он субҳ соатҳои ёздаҳ ба кор омадам. Тартиби кори мо чунин аст, ки як рӯз аз соати ҳашти субҳ ба кор меоем ва як рӯз аз соати ёздаҳ чунки то соатҳои ёздаҳ қариб, ки мизоҷон ангуштшуморанд ва як ё ду нафар пешхизмат метавонад, ба онҳо хизмат расонанд.
Чӣ хеле ки гуфтам, ман рӯзи пайшанбе соати ёздаҳ ба кор омадам. Нисбат ба рӯзҳои пешин он рӯз мизоҷон ҳам кам буданд ва соатҳои 2035 дақиқа ҳамкорам Гулноз бандаро ба назди телефон хонд. Телефон дар шафати ошхона дар ҳамон ҷоест, ки мо тағйири либос мекунем. Ман гӯшакро гирифтаму худро муаррифӣ намудам. Мусоҳибам баъди аҳволпурсӣ чун фаҳмид, ки ман вайро нашинохтам худро муаррифӣ намуд.
Ӯро Файзиддин ном аст. Не, ӯ номашро нагуфт, фақат гуфт, ки Анорабону ин ман раис. Пурсидам дар куҷойӣ, гуфт дар меҳмонӣ ва хоҳиши бандаро дидан намуд. Намедонам ӯ дар куҷо буд, вале аз рӯйи тахминам ӯ дар ҳавлие буд, ки саг доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор