Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Агар ба ман боварӣ надошта бошед, метавонед сухане ҳам ба забон наоред. Ҳисоб намоед, ки он сухани гуфтаатонро ҳам ман нашунидаам.
– Боз чӣ?
– Метавонед баромада равед.
– Шумо суханони гуфтаи маро пинҳон медоред?
– Албатта.
– Боз нашаваду.
– Гуфтам – ку осуда бошед. Ман ҳатто дар ин бора шуморо намепурсам.
– Ман роҳгум задам, роҳгум...
– Ин хел нагӯед, ман медонам, ки шумо гуноҳе надоред.
– Дар ин якуним шабонарӯз ман хуни ҷигар шудам. Дигар наметавонам. Мехоҳам дарду ғамамро ба ғамгусоре бигӯям.
– Дарди одамро танҳо одам мебардорад, боқӣ ихтиёр турост Анорҷон.
– Ба ростӣ ман то ба ин ҷо омадан хело андеша намудам.
Ман боз ба пиёла об рехта ба дасти мусоҳибам додам, то каме ҳам бошад ором шавад.
– Ташаккур гӯён Анор пиёла ба даст гирифту онро ба лабонаш бурд. Сипас пиёларо аз нав ба дасти ман дода хомӯш шуд.
Ба ростӣ аҳволи вайро дида, дилам ба ҳолаш бисӯхт, вале баҳри тассалояш ҳам дигар сухане нагуфтам. Мо ҳарду хомӯш будем ба ҷуз он ки нигоҳи банда ба рӯйи мусоҳибам духта шуда буду нигоҳи ӯ ба фарш...
Боз чанд дақиқае сипарӣ шуд, чанд дақиқае, ки вақтро барои мо ду тан боздошта буд, дақиқаҳоеро, ки аз нигоҳи банда дарозтар аз қарн буданд...
– Ман он шаб дурӯғ,– гуфтам ба суханаш оғоз намуд Анори Зокир ва боз муҳри хомӯшӣ ба лаб зад. Шояд гумон дошт, ки банда бо суолҳои худ кори ӯро осон мегардонам, вале чун бидид, ки ман ҳам ба даҳон об гирифтаам, ба тақдир тан дод ва давоми саргузашти талхи худ байён кард...
– Ман он шаб дурӯғ гуфтам. Ҳамон вақте ки ман вориди тарабхона шудаму худатро дидам чунин андеша ба сарам омад.
Хайрият, ки шумо сари андешаҳои худ будед ва чӣ тавр ба тарабхона дохилшудани маро надидед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор