Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ба дар ангушт заданд ман қоматамро рост намуда, овоз рушан карда гуфтам: – марҳамат.
Дар кушода шуд ва сержанти хурди милиса Ҳалимов ҳамроҳи Анори Зокир вориди дафтари кориам шуданд. Ман ба сержант ташаккур гуфта, баҳри рафтанаш рухсат додам ва курсиеро нишон дода, пешхизматро ба нишастан таклиф намудам.
Эҳтимол ӯ чунин пешвозгирии сардро умед надошт, ки лаҳзае пушти дар лолу карахт монд.
– Марҳамат гузашта шинед,– дубора сухани худро такрор намудам ман ва ҷавонзан ба курсӣ қариб, ки амонат нишаст.
Мо ҳарду лаҳзае хомӯш мондем, хомӯш бо андешаҳои худ.
Ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будам, ки Анор ба дафтари кории банда ташриф меорад. Акнун ӯ нигоҳашро ба фарш духта буд, чаро?
Ниҳоят ман риштаи суханро ба даст гирифта, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон шудам.
Пешхизмат ба ҷойи ба суолҳои банда посух гуфтан аз нав лаҷоми гиряро сар дод. Ӯ ҳатто ба тарафи ман нимнигоҳе ҳам накард. Ман маҷбур шудам, ки аз ҷой бархеста ба пиёлае об рехта ба ӯ диҳам. Чун вай чанд қатра об нӯшид, каме осуда шуд. Банда ҳам дар ин муддат ӯро ба сабурӣ даъват намудам.
Ман акнун фаҳмидам, ки ӯро асрори ниҳоне дар дил аст, вале аз ифшояш метарсад. Ман ҳатто ӯро ба сухан гуфтан ҳидоят накардам, чунки чунин амалҳо аксари вақт бенатиҷа анҷом меёбанд.
Аз байн боз панҷ ва ё шояд даҳ дақиқа гузашт, вале мо ҳамон хел хомӯш будем...
– Ман гунаҳкорам, мефаҳмед ман гунаҳкорам бигуфт Анор ва боз лаҷоми гиряро сар дод.
– Ором шавед.
– Наметавонам, мефаҳмед наметавонам.

пешина
аз 515
навбатӣ