Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Мисли оне, ки қувваи барқ таконат медиҳад, вуҷуди банда таконе хурд ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки ман ҳамон нафареро, ки ҳамроҳи Анор дар байни ошёнаҳои панҷуму шашум дида будам, ба ёд овардам. Дар ҳақиқат ман ӯро ҳамон рӯз дар Чанор дар ҷанозаи Беназир дида будам. Фақат он рӯз ӯ мӯйлаб надошт. Ман такрор ба такрор симои ҳамонрӯзаи вайро дар монитори хотирам тоб додам. Шахсе, ки ӯро дар байни ошёнаҳои панҷуму шашуми бинои нуҳошёнаи кӯчаи Айнӣ дида будем, айнан ҳамон нафаре буд, ки дар ҷанозаи Беназир иштирок дошт. Ҷаноза вақти пешини рӯзи сешанбе баргузор гардид ва ӯ ҳамон рӯз мӯйлаб надошт. Сипас шаби пайшанбе ба ҷумъа ману Анор дар зинаҳои беҳисоби бинои нуҳошёна бо вай рӯ ба рӯ омадем, вале ӯро бо мӯйлаби ғафс дидем. Маълум ки мӯйлабаш сунъӣ буд. Ман дар ҳамон ҷо ҳам гуфтам, ки чеҳари ин мард шинос менамояд ва акнун нав ба хулосае омадам, ки чаро ман вайро нашинохтам, маълум ки сабаби ҳамаи ин ҳамон муйлабаш будааст ва боз... Он рӯз ӯ дар тан ҷома дошт, шаб бошад мо вайро бо нимпалтои чармини рангаш сиёҳ дидем...
Худоё... Наход байни вай ва Беназир, байни вай ва ҳодисаи дар кӯчаи Айнӣ рухдода пайвастагие бошад. Дар ҳамин лаҳзаҳо ман бисёр мехостам, ки Анор занг занад, вале телефон ҳам хомӯш буд. То андозае сари ҳодисаҳои рухдода нимдоира пайдо шуд ва акнун пайдо намудани қисми дигари нимдоира ба донишу маҳорати худи мо вобастагӣ дошт. Суханони дирӯзаи пиразан «шинос ё ба дом афтида» боз рӯйи монитори хотиротам пайдо шуданду он дӯсти қадима, ки ҳамагӣ ду маротиба бо ман рӯ ба рӯ омада буд аз оинаи монитор дур шуд...
Оҳ, чӣ қадар ман мехостам, ки рӯз тезтар ба поён расаду банда баҳри кушодани ин муаммо дасту остин барзанам, вале ин ҳама хаёли хом буду бас.
Занги телефони дохилӣ садо доду банда аз байни андешаҳои хоми худ берун шуда, гӯшакро бардоштам.
– Рафиқ майор ба назди шумо Анори Зокир омадаанд.
– Ман лаҳзае хомӯш мондам, аслан агар корҳои ҷустуҷӯйи дар атрофи марги Беназир намешуд, ман худам аз пешхизмати тарабхонаи «Кайҳон» дурӣ меҷӯстам, вале дар айни вақт банда ба ҳар як хабар, бигузор он хабари ночиз ҳам бошад, ниёз доштам ва омадани Анорро ҳатто фоли нек пиндошта, ба ёрдамчии навбатдор супориш додам, ки вайро то дафтари кории банда гусел намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор