Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ба ростӣ бо лафзи ширини кӯдак сухан гуфтани вай ин худ нишонаи оштӣ карданаш буд, ҳарчанд ӯ худ ҳамин чизро рӯйирост эътироф накард.
– Ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона механдад,– мегуфт бибиам ва исботи суханони бибиамро ман на як бору ду бор дида будам. Дар сари дастархон ман фаҳмидам, ки имрӯз модари Абдумаҷид занг зада, фикрҳои бандаро парешон сохтаву худ ба забон об гирифта...
Тахминан соатҳои бисту се, вақте ки ман аз нав нияти ба кор рафтан намудам, авзои ҳамсарам парешон шуд ва қаҳру ғазаби вайро дида банда аз райъам гаштам. Ҳаминаш намерасид, ки болои равғани сӯхта намакоб пошам.
– Шӯхӣ намудам, шӯхӣ , – ӯро тасалло дода гуфтам ман.
– Шӯхӣ ҳам ба эбаш,– пой аз рикоби ҷаҳл гирифта бо нимтабасуме бигуфт ҳамсарам.
Сад рӯз аз паи кор ва як рӯз аз паи ёр гуфтани мардумро ба ёд оварда, ман ҳам ҳамаи он нақшаҳои пешакӣ кашидаамро имшаб чун пояндоз зери қудуми пой ҳамсарам андохтам.
… 14 ...
Субҳи рӯзи шанбе ҳам бе маҷлису маҷлисбозӣ нагузашт.
Воҳид Камол моро бори дигар ҳушдор сохт, ки фардо як ҳафтаи рассо мешавад, ки Беназир дар байни мо нест, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар тафтишоти парвандаи мазкур пешравие ҳам дида намешавад...
Ҳамчунин сарвари ШКД аз куштори дар кӯчаи Айнӣ рухдода низ фаромуш насохт ва гуфт, ки муовини сардори раёсат полковник Шукрихудоев аз ташрифи нимишаби Абудмаҷидов ба ҷойи ҳодиса изҳори нигаронӣ намудааст...
Баҳри ҳимояи худ банда сухане ба забон наовардам. Охир чӣ ҳам мегуфтам...
Баъди маҷлис ман рост ба дафтари кориам омадам ва ин даъфа андешаҳои худро дар атрофи Эшонова Сулҳия Муродовна равона кардам.
– Шинос ё ба дом афтида гуфтани ҳамон пиразанро боз ҳам ба ёд овардам. Афсӯс бар он хӯрдам, ки дишаб Наталя Василевна бандаро фаҳмидан нахост, вагарна ман шояд акнун аз ҳама он асрори ниҳон воқиф мешудам, ё кӣ медонад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор