Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Вохӯрии дирӯзаамро бо ӯ ва он наберачааш ба ёд овардам. Маълум, ки пиразан ҳам аз асрори он дари кандакорӣ огоҳ аст ва эҳтимол ба суханҳои дирӯзаи банда низ посух нагуфтананаш ҳамон асрори ниҳони дарвоза буд. Эҳтимол аз Сулҳия метарсад ва ҳоло, ки ман аз назди он дарвоза дур будам ӯ бо ҳамин як ду сухан огоҳам сохт, ки Сулҳия чӣ кас аст. Ба доно ишорат ва ба нодон калтак,– гуфтаанд ва аҷаб не пиразан бандаро дар мақоми аввалӣ нагузашта бошад. Ба ҳаминаш ҳам шукр. Акнун ман хело чизҳоро медонистам ва ҳамаи ин натиҷаи он шуд, ки ба умеди занги телефонии пешхизмат нашудам ва худ чун осиё ва пай обу дона рафтам. Рост гуфтаанд, ки нарху навои бозорро аз духтари хона пурс. Як пиразане, ки пой бар лаби гӯр мондааст аз асрори ӯ огоҳӣ дорад. Садои сагро дар занги дар ҷо ба ҷо намудан, пеши хонаро тариқи видеокамера назорат кардан ин худ ба мардум бовари надоштани Эшонова буд. Дузд гумони дуздӣ мекунад ва ғар гумони ғарӣ ва Эшонова ҳам, ки худ пок нест аз дигарон боварӣ надорад…
Бо ҳамин фикру хайёлҳо ман то истгоҳи нақлиёти шаҳрӣ рафтам. Ҳарчанд кори шабро хандаи рӯз гуфтаанд, вале ҳастанд ҳолатҳое, ки ҳамин ҳолати корро тақозо мекунанд. Маҳз ҳамин нуқтаи назарро ман мавриди санҷиши худ қарор додам ва аҳд намудам, ки чун ҳама ҷо ором шуд боз ба кӯчаи Академикҳо ташриф меорам. То он вақт ман боз чор – панҷ соат вақт дар ихтиёр доштам ва ин дафъа ба нақлиёти шаҳрӣ нишаста ба хона омадам, то бифаҳмам баъди ҳодисаҳои дишаба дар сари ҳамсарам чӣ фикру хайёлест.
Чун Далер дар берун ҳамроҳи ҷӯраҳояш бозӣ дошт, ман рост ба хона рафтам. Наталя Василевна дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт ва баробари дидани ман Абдумаҷидро, ки аз наздаш дур шудан намехост бардошта, бе ягон калому салом ба оғӯшам гузошт ва худ аз пайи кораш шуд.
Ману Абдумаҷид ба хона даромадем ва то ҷойе, ки тавонистем бо ҳам суҳбат намудем.
Тахминан баъди бист дақиқа дар ҳоле ки шом аллакай қазо шуда буд Наталя Василевна моро ба ошхона таклиф намуд ва чун Далер ҳанӯз дар берун буд, аз забони Абдумаҷид бандаро хело танбеҳ дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор