Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ин дафъа боз ба дар бо ангуштам аз пештара дида сахтар задам, вале посбон хомӯш буд. Чун боз даст ба тугмачаи занги пушти дар бурдам, паҳлавон бо як - аки худ аз худ дарак дод.
Барои ба хаттое роҳ надодан, ман боз ҳамин ду амалро бо навбат такрор намудам ва ба хулосае омадам, ки дар ҳавлӣ умуман саг нест. Ин ихтироъкории соҳибхона тааҷҷуби бандаро бештару бештар намуд ва ба он дарвозаи сар то по кандакоришуда дурустар зеҳн мондам ва муаммои дигареро низ дарёфтам. Дар байни он чӯбҳои кандакоришуда бо санъати ниҳоят баланде чашмаке ҷо ба ҷо намуда буданд ва аҷаб не дар ҳамин лаҳзаҳо соҳибхона болои курсии мулоим такя намуда, тариқи телевизори ранга амалҳои содалавҳонаи бандаро тамошо накарда бошад. Ин дуюмин ихтирооти соҳибхона буд ва ман ҳамоно чашм аз он нигоҳи пинҳонӣ ба замин духтам ва боз ба дар ангушт задам ва оқибат дарро ба тарафи дарун тела додам. Чун дар маҳкам буд ва касеро ҳам парвои ман набуд аз пеши дарвоза дур шудам ва ногоҳ фикри дигаре ба сарам омад, вале баҳри амали намудани он ҳануз барвақт буд ва рафту агар банда кӯшише ҳам ба харҷ медодам, таваҷҷуҳи мардумро зиёдтар мекардам. Ҳанӯз аз пеши дарвоза даҳ - понздаҳ қадам нарафта будам, ки аз рӯ ба рӯям ҳамон пиразани дирӯз дидаам баромад. Ман боадабона ба вай салом додам ва шояд ҳамин салом ба вай писанд омад, ки гуфт:
– Писарам ҳоло ҳам соҳиби ҳамон хонаро меҷӯед.
– Ман инкор накардам.
– Шумо ба Сулҳия ягон хешу таборед?
– Не, ҳамин хел шинос.
– Шинос ё ба дом афтида?
– Шуморо нафаҳмидам.
– Ҳамаашро нағз мефаҳмед,– гӯён кампир ба ман дигар ҳарфе нагуфта, самти ҳаракаташро давом дод.
Ман бо нигоҳе ӯро гусел намудам ва ҳатто дидам, ки ба кадом ҳавлӣ ворид шуд. Хостам аз қафояш рафта, бо ӯ суҳбат намоям, вале боз аз райъам гаштам.
Сари суханони гуфтаи кампир «шинос ё ба дом афтода» ҳар қадар андеша намудам, вале ба хулосае омада натавонистам.
Маълум, ки пиразан ягон чизро медонад. Аммо боварӣ надоштам, ки ӯ он сирро ошкор намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор