Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Аслан таъсири нур ба ҷисми беҳаракат ҳамеша зиёдтар аст ва аз ҳамин нуқтаи назар банда қарибиҳои намози аср аз сари мизи корӣ бархестам.
Рафту агар ваъдаи пешхизмати тарабхонаи «Кайҳон» дар бораи ба ёд овардани ному насаби раиси бо зиндагӣ падрудгуфта ва ба ҷойи корам занг задани ӯ намешуд, ман соате пештар аз дафтари кориам мебаромадам. Акнун он ҳама ваъдаҳои Анори Зокир ҳам мисли ҳамон қатраҳои борони хайёлии ман буд. Мисли ҳамон тираабре, ки аз он шам – шами борон меомад, вале бо гуноҳи он боди дайду худ пора – пора шуд. Ба ҷойи раҳмати ҳақ (борон дар назар аст) боз тобиши нур бар замин бархурд ва сабзаю себаргаи дар талаби борон буда, ҳама сухта нобуд гардид, ман ҳам баҳри ҳифзи нангу номи худ, аз рӯйи мақоли «ба умеди чоруқи анбунӣ пота дар хор намонӣ»
амал кардани худ, барои дарёфти ҳақиқат аз ҷой бархестам. Аз бинои милиса баромада истода, лаҳзае ба атроф нигоҳ кар-дам.
Қисме пиёдаву қисме мошинсавор аз Шарқ ба Ғарб ва дар самти муқобили роҳ бо ҳамин намуд аз Ғарб ба Шарқ ҳаракат доштанд. Ман ҳам рӯйи роҳ баромадам ва таксиеро боздошта суроғаи мерафтагиамро бигуфтам.
Автомашина дар ҳамон самти ҳаракати худ аввал ба тарафи Ғарб ва муддате пас, дар гардиши калон, дар он ҷойе, ки чароғакҳои ранга роҳнамои кӯча буданд, ба самти Шарқ ҳаракат намуд. Дар даромадгоҳи панҷум кӯчаи Академикҳо таксиро боздоштам ва баъди ду – се дақиқа рӯ ба рӯйи ҳамон дарвозаи шинос, дарвозаи кандакоришуда, ки мислаш дар он гузаргоҳ набуд, қарор гирифтам. Баҳри ба торҳои асаби посбони хона нохун назадан, бо ангуштам ба дарвоза тақ – тақ задам.
Лаҳзае интизор шудам ва боз ҳамин амалро такрор кардам, вале бе натиҷа. Чун даст ба тугмачаи занги пушти дар бурдам муддати як дақиқа посбони он манзил бо садои гӯшкаркунандаи худ ҳушдорам сохт, ки ҳама гуна фикрҳои ботилро аз сарам дур намоям, вагарна ӯ тайёр аст, ки ба хотири нону намаки соҳибхона ҷони худ қурбон созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор