Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чаро ба даҳон об гирифтаед?– гап занед бигуфтам ман, вале акси садоямро шунидаму халос. Бо ҳамин як амали ноҷойи зангзананда, тамоми фикрҳои то ба ин лаҳза дар атрофи ҳодисаи дишаба гирдомадаро, ки баҳри ман қиммати борони баҳориро дошт парешон сохт. Парешон мисли абрҳое, ки дар баҳорон бо пероҳани худ муддате нурҳои хуршедро пинҳон месозад, бехабар аз он ки тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи замин ташнаи борон, ташнаи он раҳмати парвардигор аст, вале боди дайдуе он абрҳоро пароканда месозад ва сайёраро аз раҳмати ҳақ маҳрум мегардонад…
Ман боз хома болои варақ бурдам. Аз он чӣ ки бори аввал кадом як худотарсе маро то ба «Кайҳон» раҳнамо шуд ва боз вохӯрии бандаро бо объект ба гӯши муфаттиши прокуратура бирасонид, банда дар маркази он варақи сафед доираи калонеро кашида, дар дохили он номи тарабхонаи овозадорро ба қавле «қандакорӣ» намудам. Доираи мазкур нисбат ба ҳама доирачаҳои дар атрофи варақ чой гирифта, ба назарам чун вулқон намуд. Маҳз ҳамин нигоҳ сабаб гашту банда онро чун маркази ҳодисаҳо аз кунҷи росте ба зери тасарруфи худ даровардан хостам.
Ҳарчанд Анор аз ягон ҳамкораш домангир ҳам набуд, вале мо наметавонистем, бо вай ҳамақида бошем. Сари ин масъала андеша намуда, болои коғази сафед андешаҳои худро дар шакли назария ба қалам додам. Аз нигоҳи банда ҳар як корманди тарабхона имконияти пурраи гирифтани калидҳои ӯро аз сумкачааш дошт ва рафту агар вайро фикри ботиле дар сар будӣ нусхабардории он калидҳо ҳам чандон кори душвор набуд…
... 13 …

Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
5 Бояд чу осиё зи пайи обу дон рафт.

Солҳои дар милиса кору фаъолият доштанам, боре ҳам
ҳодисаи фавқултабииеро, яъне аз дафтари корӣ бурун нашудаву
ҷиноятро кушодан вонахӯрдаам. Мавҷи андешаҳои бесару нуг
то замоне давом кард, ки дар осмон ҳатто пораи абре ҳам намонд, то сари худро аз таъсири нурҳои офтоб ҳифз созам.

пешина
аз 515
навбатӣ