Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафтори дишабаи Анор ва ба хонааш бурдани банда ҳам болои вай соя меафканд. Ӯ гуфт, ки он камзулчаи моҳутдор ва нимтанаи кабуди Беназирро дар ҷевони либосҳояш дидааст.
Модоме ки дида буд, пас чаро мо онҳоро наёфтем? Ин як.
Дуюм ман баъди соати бистуяк кӯчаи Академикҳоро тарк намуда, ба «Кайҳон» рафтам ва муддате бо нигоҳам пешхизмат Анорро ҷустуҷӯ намудам, вале ӯро дар толор надидам.
Баъди ин ба курсии мулоими пеши «Бар» нишастаам ва аз майи пешниҳод намудаи бармен ба қавле нӯши чон намудам. Дар ҳамон ҳолат ҳам худи толор аз зери назорати банда дур набуд, вале аз пешхизмати шинос нишоне надидам. Сеюм пешхизмат танҳо дар ҳолате ба китфи ман даст гузошт, ки банда аллакай пӯшт ба тарафи толор менишастам. Вай аз кадом тараф омад, ман ҳатто пай набурдам. Чорум баъди оне ки бандаро ба кунчи толор бурд ва баҳри овардани хӯрок рафт, ӯ ҳатто хилъати кориашро ба бар накарда буд ва тайи муддате, ки ман машғули хӯрокхӯрӣ будам, ӯ ба ягон мизи дигар ҳам хизмат нарасонд.
Панҷум ӯ ҳатто анҷоми корро интизор нашуда, бандаро аз он макон берун овард, чаро? Шашум ӯ таги он дарахти пурасрор бо гиряи худ муддате маро боз дошт.
Хона дар ошёнаи охирини бино ҷойгир аст ва баъди соати бистуяк киро хумори рафтан ба он ҷост? Ҳарчанд ман дар ин бора фикр намудам, ҳамон қадар доғҳои сиёҳеро дар хилъати то кунун сафеди Анор бештар дидам.
– Не, не, наход Анор, бовар намекунам,– бигуфтам ба худ, бо ҳар ду дастам пешониамро доштам. Боз… Сину соли «раисро», ки на бештар аз сӣ сола буд ба ёд оварда, худи вайро дар мақоми киллери Беназир дидам, чунки дар масофаи 25 – 30 метр аз тапончаи «Макаров» тирро танҳо мард ба ҷисми Бена-зир чо карда метавонист, ҳарчанд занҳои нишонгир ҳам кам нестанд…
Занги телефон садо доду гӯшакро бардоштам. Гумон намудам, ки Анор ному насаби раисро ба ёд оварду занг зад, вале гумонам ботил баромад ва оне ки вақти қимати худро дареғ надошта занг зад гӯё ба даҳонаш об гирифта буд, ҳарчанд ман дар гӯшак маҳин – маҳин нафас гирифтанашро мешунидам.

пешина
аз 515
навбатӣ