Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Беҳрӯз Ниёз беҳуда раисро ба тарабхонаи «Кайҳон»
набурдааст ва агар ӯро мақсади дигаре дар сар набудӣ ҳаргиз пешхизматро чунин муаррифӣ намекард.
Аз чӣ бошад, ки банда лаҳзаи аввали шиносоии худро бо пешхизмат Анор ба ёд овардам. Анорҳои калон – калон, вале сафеди пеши бари пешхизмат хамири аз карсон фурурехтаро мемонд, пас куҷост кафолат, ки бо чунин пеши бар ӯ ба дили раис пайкон нагузошта бошад?
– Дишаб вай ба суоли муфаттиши прокуратура посух гуфт, ки марди ба қатл расидаро намешиносад. Дар вазъе, ки он мард қарор дошт, дигар кас ҳам мешуд вайро намешинохт, вале акнун…
Бо гузашти вақт асаби вай ором шуд ва ҳоло ҳамаашро ба ёд овард. Дар атрофи ҳамин нуқтаи назар мавҷи андешаҳоям боз лаппиш хӯрд. Пеш аз ҳама то ба соҳили дигар «шино» кардани бандаро сабаб калидҳои хонадони ду ҳамсоя буд. Яъне онҳо ба ҳамдигар боварии пурра доштаанд, модоме ки калидҳои эҳтиётиро дар хонадони якдигар мегузоштанд.
Шаби гузашта ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳамин чиз ба инобат гирифта нашуд ва касеро дигаронро гунаҳкор кардани нестам, вале бандаро низ чунин фикр ба сар наомад ва дар ҳамин самт азназар-гузаронии ҷойи ҳодиса характери рӯякӣ гирифт. Рафту агар дар ҳодисаи мазкур худи Анор Зокир ҳам (ҳамин ҳолатро ҳам инкор кардан намешуд) даст дошта бошад, ӯ аз чунин лаҳзаи муносиб, албатта, истифода бурдагист. Дар ин ҷода метавон аз дигар самт ҳам нигарист. Ҳодиса дар хонаи бегонае рух дода-аст ва ҳаргиз қотил вақте надорад, ки тамоми хонаро такурӯ намояд, ба замми ин ӯро ҳамин даромаданаш ба хонаи мардум кифоя аст, ки ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида шавад. Дар ҳоди-саи дишаба калид олоти аслии воридшави ба хона аст, вале мо онро наёфтем.
Ҳамчунин ҳангоми азназаргузаронӣ мо олоти асосии ҷиноят тапончаро наёфтем ва на танҳо тапончаро, бал-ки гилзаи холиашро ҳам ёфт карда натавонистем. Дар ин хусус мо танҳо ба мармии дар сари маҳрум монда умед баста мета-вонистем, чунки тир пешонаи нафари ҳадафи тир қарордош-таро шикофта аз самти дигар набаромада буд…

пешина
аз 515
навбатӣ