Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба «Кайҳон», ё ба хона, фарқ надорад.
– Ҳар вақте ки худат ному насаби раисро ба ёд биёрӣ.
– Агар фаҳмида монам чӣ хел шуморо ёбам.
– Ман телефони дафтари кориамро ба коғазе навишта, ба дасташ додам.
– Рафту ҳамон вақте ки ман занг мезанам дар дафтари кориатон набошед чӣ?
– Боке нест, боз баътар занг мезанед гуфтам ман ва интизори суханони минбаъдаи вай нашуда, ба сӯйи бинои милиса ҳаракат намудам. Баъди вориди бино шудан, бори дигар ба берун назар намудам ва аз паси оинаи калони дари даромадгоҳ суроби Анорро дидам, ки ба тарафи муқобили кӯча мегузашт.
Ман ба ошёнаи дуюм баромада, дар давоми рӯз бори аввал даст ба қулфи дар бурдам. Ҳарчанд он чун дари хонаи Анор Зокирова дари фулодин ҳам набошад, вале маҳкам буд.
Баробари вориди дафтари корӣ шудан ба сардии моҳи охири зимистон агар дар ҳақиқат онро сард гуфтан мумкин мебуд, нигоҳ накарда, муддате тирезаро кушодам…
Чун боду ҳавои бино каме муътадил гашт, банда тирезаро пӯшида сари мизи кориам нишастам ва аз ғалладон чанд варақи сафеде гирифта, болои миз гузоштам ва қалам ба даст гирифта, ба сабти андешаҳои худ пардохтам. Ҳар он чӣ, ки дар суҳбати сарироҳи Анори Зокир гуфт санҷиши мукаммалро мехост. Дар шароити кунунӣ бе пурсиши Беҳрӯз Ниёз ба хулосаи дурусте ҳам омадан ғайриимкон буд. Воқеаҳои ҳамин чанд рӯзи охир он қадар пурпечутоб буданд, ки ҳисобашон гум ва мо намедонистем, ки оқибати ин ҳама бесарусомониҳо бо чӣ меанҷомад…
Пайдошавии мақтулро дар хонаи Анори Зокир аз дигар кунҷ ҳам нигоҳ мебоист. Ҳарчанд ман ба ин нуқтаи назар бовари надоштам, вале баҳри инкори андешаҳои худ ҳам дасткутоҳ будам.
– Раис ин кас Анорабону ҳамсояи қадрдони мо гуфтани Беҳрӯз Ниёзро сабаб чист?
– Шояд худи Беҳрӯз Ниёз хостааст, ки хизмати раисро бо туҳфае қадр намояд?
– Чаро не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор