Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Хайр, биё рафтем аз ин ҷо.
– Ман ба милиса рафтанам лозим.
– То пеши бинои милиса суҳбат карда равем чӣ?
– Маро ба ҷуз таклифи шуморо пазируфтан чорае нест.
– Чора ҳамеша ёфта мешавад, агар дил хоҳад.
– Инаш дуруст. Хуш, чаро бандаро интизор шудаед?
– Ман ба ёд овардам, ки ҳамон шахсро дар куҷое дидаам.
– Ҳамон нафареро, ки дар зинаҳо дидем?
– Не, ҳамон нафареро, ки тир пешонааш шикофта буд.
– Хуш, вайро дар куҷо дидаед?
– Дар тарабхона
– Ному насабаш?
– Аз куҷо донам
– Чӣ хел ва дар куҷо бо вай шинос шудед?
– Ҳамсояи мо Беҳрӯз Ниёз ҳамоне, ки ҳоло дар Мол-дова аст, маро ба ӯ чунин муаррифӣ намуд.
– Раис ин кас Анорабону ҳамсояи қадрдони мо
– Чаро ҳамин суханро ба муфаттиш нагуфтед?
– Чунки ман ҳам худам ҳамин суханро нав ба ёд овардам ва вақте ки паси он дарахт шуморо интизор будам, нафаре таксиро боз дошт ва дар лаҳзаи охирин ба тарафи он нафаре ки ҳанӯз ӯро рӯйи роҳ интизор буд гуфт: – раис таксӣ ба ҳамон тараф мерафтааст ва шахси дуюм чун ба пеши таксӣ омад, шахси аввала дари таксиро кушода, дастҳо ба пеш бар вайро ба таксӣ шинонда гусел кард ва сипас худаш пиёда ба ҳамон самте рафт, ки ҳамроҳи раис омада буд…
– Элак баҳонаю…
– Инкор намекунам, вале ман дар ҳақиқат Беҳрӯз Ниёзро ҳамроҳи он мард дидам.
– Ҳеҷ нафаҳмидед, ки ҳамсоя бо раис он бегоҳ сари кадом масъала суҳбат доранд.
– Дар бораи фоизи кадом қарзе баҳс доштанд, ё амсоли ин, ба ростӣ аз он вақт қариб се моҳ сипарӣ шуд.
Тайи ин муддат мо рӯ ба рӯйи бинои милиса қарор гирифтем ва банда омодаи хайрухуш шудам.
– Кай меоӣ?
– Ба куҷо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор