Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кушиш мекунам,– гӯён ман бо Фурӯғ худоҳофизӣ намуда, аз бинои прокуратура баромадам ва чун ба тарафи муқобили роҳ нигаристам Анорро пушти дарахте дидам, ки баромадгоҳи прокуратураро ба зери нигоҳи худ гирифта буд.

…. 12 ….

Баъди «туҳфаи» ба Наталя Василевна фиристодаи Анор дилам аз пешхизмат монд. Ӯ ба фикрам ҳеҷ аз таҷрибаи рӯзгор баҳра нагирифта буд, вагарна кадом зани солимақл нақши ранги лабонашро дар куртаи марди бегона мемонад. Агар ин ҳодиса шаби аввали бо вай буданам мешуд, дарди бахайре буд, вале дишаб, дар ҳоле ки банда танҳо баҳри тассалояш ӯро дилбардорӣ намуданам чунин рафтор намуданаш нобахшиданӣ буд.
Ба қавле «нахӯрда, набурда, бигирад дарди гурда…»
Анор аз бинои прокуратура баромадани маро диду ҷисми худро аз камингоҳ (паси дарахт дар назар аст) берун кард. Ҳарчанд вай ба ҷанҷоли дишабаи ману ҳамсарам асос гузошта буд, вале ба хотири иҷрои вазифаи хизматиам ман бояд бо ӯ муросо менамудам.
Дар ҳоле, ки вай худ рӯйи роҳ баромада, ба тарафи бинои прокуратура нияти гузаштан дошт, ман қисме аз тарафи чапи роҳро миёнабур намуда, ба умеди убур намудани нимаи дуюмаш байни роҳ таваққуф намудам, то онҳоеро, ки савори ҶИП ва Мерседес буданд, аз роҳашон намонам…
Маҳз ҳамин амали банда боиси дар тарафи дигари роҳ тағофул намудани Анори Зокир гашт.
– Хайрият омадед,– баробари дидани ман лаб ба шиква кушод вай.
– Ман гумон намудам, ки шумо кайҳо рафтаед.
– Гумони ботил.
– Чаро?
– Магар ман бо шумо хайрухуш накарда рафта метавонистам?
– Албатта.
– Андешаи ман дар ин бора дигархелтар аст.
– Хуш он чӣ андешаест?

пешина
аз 515
навбатӣ