Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар торҳои танидаи Беназир?
– Ҳа.
– Мегӯянд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ. Модоме, ки Сулҳия баҳри модари угай тариқи дугонааш чунин «туҳфа» тайёр намуд пас, ки кафолат медиҳад, ки ӯ худ аз натиҷаи ҳамин таҷрибаи андӯхтааш баҳра набардорад.
– То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, вале дар айни вақт мо нисбат ба Эшонова ягон далеле дар даст надорем.
– Ин маънои онро надорад, ки мо дафтари аъмоли ӯро варақ назанем.
– Беҳтар мебуд, ки шумо ҳамон занеро, ки ҳар дафъа дасту остин барзада, аз рафти ҳодисаҳо дар атрофи ину он огоҳатон месозад, ба ёд меовардед.
– Ба андешаи шумо ӯро аз куҷо ёбам.
– Модоме ки вай вохӯрии бандаро бо объект (Зокирова дар назар аст) дидааст, ӯро ба фикрам дар ҳамон тарабхона ҷӯстан лозим.
– Рафту ӯ он шаб ба тарабхона ба сифати мизоҷ рафта бошад чӣ?
– Чунинашро ҳам инкор карда мумкин нест.
– Ман он рӯз нагуфтам, ки кушиши рақами телефони вайро гирифтан намудам, вале бе натиҷа.
– Чӣ хел?
– Вай аз телефон автомати назди меҳмонхонаи «Вахш»
занг зада будааст. Акнун тассавур намоед, ки байни «Вахш» – у «Кайҳон» чӣ фосилаест.
– Ба рости мо худ дар торҳои танидаи «дӯстонамон» дармондаем.
– Дар куҷое хонда будам, ки нафаре гуфта:
«Худо маро аз дӯстонам эмин дор, илоҷи душманонамро худам меёбам».
– Акнун маро рафтанам лозим.
– Чӣ илоҷ, модоме ки меравед, боз як хоҳиш доштам.
– Шуморо гӯш мекунам.
– Дар атрофи он муаллими собиқ ва ҳамсараш, ки Дубай ва Урумчӣ ҷой «зиёратгоҳаш» будаст, кор баред.

пешина
аз 515
навбатӣ