Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Дар бораи Анор Зокирова чӣ андеша доред?
– Чизе гуфта наметавонам.
– Чаро қотил маҳз хонаи вайро макони иҷрои амалҳои нопоки худ қарор додаст?
– Агар дар ҳақиқат ҳодисаи дишаба ба марги Беназир муносибате дошта бошад, пас қотил дар андешаронӣ чанд қадам аз мо пештар аст.
– Агар муносибат надошта бошад чӣ?
– Дар ин сурат ҳам вай бо Зокирова шинос аст ё аз реҷаи кори вай воқиф аст. Дар ин ҳолат мебояд мо нисбат ба атрофиёни пешхизмат аз ҷумла нисбат ба онҳое, ки бо ӯ дар тарабхона якчоя кор мекунанд таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намоем. Ҳамчунин моро лозим аст, ки дӯстони Зокироваро, онҳоеро ки беш аз як маротиба ақалан дар хонаи вай буданд муйаян намоем.
Мо бояд ҳар нафареро, ки таваҷҷуҳамонро бедор месозад, аз кунҷе наззора намоем, ки оё пайроҳаи қисмат боре вайро бо Эшонова рӯ ба рӯ намудааст ё на.
– Ҳа дар воқеъ дар бораи Эшонова. Оё шумо дирӯз вайро дидед ё не?
– Ман дирӯз ду маротиба ба манзили вай ташриф овардам, вале ӯро наёфтам.
– Аминам, ки имрӯз ақалан вайро меёбед?
– Насиб.
– Дар атрофи калидҳо ҳам кор кардан лозим. Мо бояд муайян намоем, ки чӣ тавр қотил бе мамониат сайдашро ба он хона даровардааст.
– Ё шояд худи сайд қотилро ба он ҷо даъват намудааст.
– Магар чунин ҳам шуданаш мумкин аст?
– Албатта. Ҳа, дар воқеъ шумо ба ёд наовардед, ки нафаре занг зада моро то ба меҳмонхонаи «Кайҳон» бурд кист?
– Ман ҳам то кунун сари ҳамин масъала андеша дорам, вале бе натиҷа.
– Мебоист ҳамин масъаларо дар якчоягӣ бо Анор Зокирова ҳал мекардед.
– Чаро бо Сулҳия Эшонова не?
– Ба андешаи банда ҳамон зане, ки занг задаст, худаш ҳам чун Зокирова дар торҳои танидаи «дӯсти» мо дармондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор