Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳоло он калидҳо дар куҷоянд?
– Дар пушти дари хона.
– Бори охирин кай онҳоро дидед?
– Дар ёдам нест.
– Ному насаби ҳамсоя?
– Беҳрӯзи Ниёз.
– Ӯ чӣ кора аст?
– Муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ буд, ҳоло як сол боз дар соҳаи тиҷорат фаъолият дорад.
– Ҳамсараш чӣ кора аст?
– Ӯ ҳам тоҷир аст. Аз Дубай ва Урумчӣ бор меорад.
– Ман дигар суол надорам.
– Ман ҳам, – гуфт муфаттиш ва пушти даъватномаи Зокирова соати омадану рафтанашро қайд намуда, онро бо имзои худ тасдиқ карда гуфт:
– Муҳрро дар котибот мегузоред. Котобот дар ошёнаи дуюм ҳангоми баромадан дар тарафи рост, дари сеюм…
Анор бо нигоҳе ба ман ҳам хайрухуш намуда аз дар баромад…
Баъди рафтани Анор ман ва муфаттиш ҳарду лаҳзае хомӯш сари андешаҳои худ будем. Муфаттиш дар чӣ фикру хаёл буд ман намедонам, вале тайи ин муддати на чандон тӯлонӣ ҳазору як андешаи бе сару нуг дар майнаи банда тоб хӯрд.
– Акбар Ҳакимович ба андешаи шумо ҳодисаи дишаба ба марги Беназир ягон пайвастагие дорад?
– Рафту агар ҳодиса ақалан дар шафати хонаи Зокирова рух медод, бо итминони комил гуфтан мумкин буд, ки байни ин ду куштор ягон пайвастагие нест.
– Онҳо ҳам кори худ медонанд. Ҳатто агар байни ин ду ҳодиса пайвастагие ҳам набошад, моро муддате аз роҳи рост мебароранд.
– Мо то шахсияти марҳумро муайян накунем, ба хулосае омада наметавонем.
– Шумо худ шоҳид будед, ки полковник Шукрихудоев ваъда намуд, ки то сари субҳ ӯ шахсияти мақтулро муайян месозад.
– Дар пеши даҳон кутал нест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор