Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Анор Зокировна бандаро бовар кунонид, ки дар ҷевони либосҳояш як нимкуртаи ранги кабудро дидаст.
– Пас дар куҷо буданд он либосҳое, ки таваҷҷуҳи шуморо бедор кард ва боз боиси саргардонии ҳамагон гашт.
– Намедонам.
– Албатта, то рафтани гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ ҳам баҳри ёфтани он камзулчаю нимкурта кушиш ба харҷ додед?
– Инкор намекунам.
– Андешаҳои шуморо рафиқ майор дар ин ҷода донистан мехостем.
– Ҳарчанд мо сари ин масъала бо Анор Зокировна суҳбат накардем, вале банда дар ин ақидаам, ки касе пешаки баҳри иҷораи амалҳои нопокаш хело тайёрӣ дидааст.
– Кушоду равшантар сухан гӯед.
– Агар шумо зид набошед ман ба хонум Анор Зокировна суоле дорам.
– Зид нестам.
– Ман донистан мехоҳам, ки калидҳои хона чанд нусхаанд. Калидҳои эҳтиётӣ дар куҷоянд? Умуман, ҳангоми ба кор рафтан, тарабхонаро ба назар дорам, ягон кас метавонад, ки калидҳои хонаатонро ба даст орад?
– Калидҳо се нухса буданд. Як нухсаи онро ман дар паси китобҳои меҳмонхона барои эҳтиёт пинҳон намудам. Нухсаи дигари он дар дасти ҳамсоя аст, вале он кас муддати ду ҳафта боз дар хонаашон нестанд. Нухсаи сеюми калидҳо дар дасти ман буданд, ки онҳоро аслан дар сумкачаам нигоҳ медорам.
Сумкачаамро ҳангоми ба кор рафтан дар либосовезаки умумӣ, ки дар шафати ошхона аст, ҳамроҳи либосҳоям овезон мекунам, вале бояд иқрор шавам, ки то кунун аз сумкачаи банда хасе гум нашудааст ва ман аз ягон ҳамкорам ҳам домангир нестам.
– Ҳамсояатон дар куҷост?
Ду ҳафта пеш ӯ ҳамроҳи ҳамсар ва писарчаи шашсолааш ба Ҷумҳурии Молдава ба тӯйи бародараш, ки дар шаҳри Кишниёв зиндагӣ мекунад рафт ва то кунун барнагаштааст. Бо-яд иқрор шавам, ки як нухса аз калидҳои хонаи ҳамсоя ҳам дар дасти ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор