Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ақрабақи соати деворӣ, ки пушти дари хонаи хоб овезон буд, ба даҳ наздик мешуд. Маълум, ки банда шаш соат истироҳат намуда будам, агар дар вазъи қарордошти ман онро «истироҳат» гуфтан ҷоиз мебуд. Дигар болои бистар ғел задан маъние надошт ва ман сари по рост шуда, ба ҳаммом даромада, бо оби на чандон гарм оббозӣ намуда, то андозае хастагиро аз худ дур сохтам. Чун аз кор аллакай дер монда будам, баҳри ҷуброни он аз тановули субҳона даст кашида, либосҳоямро пушида аз хона баромадам…
Дар идора Наврӯз Умар оиди ба кор дер монданам изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки тайи ин муддат аз прокуратура се маротиба занг зада, бандаро пурсиданд. Ман ҳатто вориди дафтари кории худ нашуда, аз утоқи кории сардори бахш баромада, боз аз зинаҳо ба поён ҳаракат намудам .
Дар рӯ ба рӯйи дари муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф лаҳзае қоматамро рост намуда, сипас ба дар ангушт задам ва баробари шунидани овози муфаттиш дарро кушодам.
Анор Зокирро ҳамроҳи Фурӯғ дида хостам қафо бигардам, вале муфаттиш бо ишораи даст маро ба даромадан ҳидоят намуд.
– Мо сари ҳамон масъалаҳои дишаба суҳбат дорем, – гуфт муфаттиш.
– Шояд ман равам.
– Ба фикрам моро ягон сирри пинҳоние аз шумо нест ва то ҷойе, ки банда хабар дорам, шумо асрори дигареро аз он хонадон ҷӯё будед.
– Чӣ хел асрор?
– Анор Зокировна, сабаби ташрифи шуморо ба хонааш дигар хел арзёби намуданд.
– Чӣ хел?
– Ман бисёр мехостам, ки худи шумо рафиқ майор ба ин масъала рушани андозед.
Ба ростӣ ман дар вазъи ногуворе мондам ва нигоҳи худро ба сӯйи мусоҳиби муфаттиш духтам. Анор бо табассуми ниҳоние бандаро ба сабурӣ даъват кард.
Аз нигоҳ ва табассуми ӯ дарёфтам, ки ба ҷуз сухани ҳақ вай алфозе ба забон наоварда аст бинобар ин гуфтам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор