Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Аз гуфтаҳои ӯ ман аввал чизеро пайхас накардам ва гумон намудам, ки ҳамааш бӯй ҳамон арақи зормонда аст, вале…
Баҳри донистани асрори суханони ҳамсар «бубин худатро ба чӣ аҳвол расондаӣ» ба ҳаммом даромадам ва сирри он муаммои сарбастаро ҳам дарёфтам.
Дуздию ғарӣ дар паси саргини хар гуфтани мардумро ба ёд оварда, дилам фишурда шуд. Нишонаи ин амал дар куртаи сафеди банда, ки сари субҳ аз хона пӯшида рафта будам бараъло намоён буд. Маълум, ки Анор дар зери ҳамон чанори рӯйи роҳ дар ҳолате, ки сарашро ба қафаси синаи ман гузошта гиря кард ба ҷуз оби чашмонаш, ки кайҳо хушкида буд боз нақши ранги лабонашро низ гузошта будааст…
«Намедонам ин «манзароро» полковник Шукрихудоев ва Фурӯғи Шариф дида буданд ё не, вале дар ин соати сеи шаб ҳам Наталя Василевна бандаро аз нигоҳи «табаруки» худ, ки ҳатто нурҳои рентгенӣ ва ултрабунафш ҳам дар пеши он «нигоҳ» бечора буданд, бенасиб намонд…
Ман тағйири либос намуда, ба хонаи хоб даромадам ва болои бистар дароз кашидам.
– Вай кист?– овоз рушан кард модари Абдумаҷид, ки то кунун сари болини писарбачаи хурдакакамон дуқат шуда, дар зери нурҳои шабчароғ ӯро наззора дошт.
– Киро дар назар дорӣ, бо дили нохоҳам ба суолаш бо суол ҷавоб додам.
– Ҳамоне, ки нақши лабонашро баҳри банда чун тӯҳфа дар куртаи худат ба ёдгор фиристодааст.
– Метавони дилатро дур набарӣ гуфтам ман ва ҳодисаи дар кадом ҳолат он нақш дар куртаам мондаро баҳраш арзони доштам. Баҳри собит намудани фикри худ ҳодисаи куштори чанд соат пеш дар хонаи зане, ки банда бо амри идора ӯро муҳофиз будам, гуфта додам.
Намедонам вай ба суханонам бовар кард ё не, вале баъди ҳамон лаҳза муҳри хомӯшӣ ба забон гирифт. Аз он чӣ ки ӯ ин субҳ бандаро бедор накарда, Абдумаҷидро ба боғча бурда ва худ ба кор рафтааст, аз нигоҳи банда чандон фоли нек ҳам набуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор