Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба фикрам Далер кайҳо ба мактаб рафта буд. Аз он чӣ дар хона на садое буду на овое ба гӯш мерасид, ман ба хулосае омадам, ки ҳамсарам Абдумаҷиди хурдакакро ба боғча бурда, худ низ ба кор рафтааст.
Болои бистари мулоим лаҳзае дасту поямро ёзонида ҳодисаҳои дишабаро пеши назар овардам.
Баъди бист дақиқаи занги телефонии гурӯҳи фаврӣ– тафтишотӣ ба кӯчаи Айнӣ омад.
Сарварии гурўҳро шиноси деринаи банда полковник Шукрихудоев ҳамон марде, ки дируз пештар бандаро маҳмадоно гуфта буд ва бо амри тасодуф ҳамон вақт ман аз «чанголи» ӯ раҳо ёфтам, ба душ дошт.
– Худат ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – баробари дидани ман бигуфт Шукрихудоев,– ё ҳамин ҷо хонаи худат.
– Не, рафиқ полковник.
– Пас туро дар ин соати яки шаб дар хонаи бегона чӣ корест?
– Як бор ҷасти малахак, ду бор ҷасти малахак охир ба дасти малахак гуфтани мардумро ба ёд оварда, муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтам.
– Ҳа, чаро ба даҳонат об гирифтӣ?
– Ман ҳамаро дар гузоришам менависам.
Дар ҳамин лаҳза ба бахти ман, муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф ҳам омад ва ба суолҳои полковник Шукрихудоев посухи саҳеҳ гуфт. Бо қадами муборақи Фурӯғи Шариф банда аз тергави минбаъдаи муовини сардори раёсати шаҳрӣ халос шудам, вале…
Ба хона омадаму ба балои дигаре гирифтор шудам. Вақте ки банда пой бар остонаи хонаи худ гузоштам соат сею бист дақиқаи шаб буд. Ба замми ин ман то омадани гурӯҳи фаврӣ ба хонаи Анор баҳри осоиши рӯҳ боз ду қадаҳ коняки панҷситорадори арманиро аз хазинаи соҳибхона ба гулу рехта будам.
Маҳз ҳамин амалам ба ҳамсарам хуш наомад ва ӯ дилашро ба рӯям холӣ кард.
– Наход фикри хонаи ободу фарзандонатро накунӣ, бубин худро ба чӣ аҳвол расондаӣ.

пешина
аз 515
навбатӣ