Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Беҳтараш то омадани милиса ман ҳамин ҷо меистам.
– Ҳа, дар воқеъ ҳозир милисаро ҳам ҷеғ мезанем, гӯён ман тариқи телефони мобилӣ аввал ба муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф занг зада, сипас бо телефони 02 милисаро аз ҳодисаи мазкур огоҳ намудам. Танҳо баъди ин ману Анор вориди хонаи ӯ шудем.
Ман боз дари меҳмонхона бикушодам, вале ба «меҳмони»
курсиро ба иҷора гирифта наздик нашудам, ҳамаи ин танҳо ба хотири дарёфти изҳое буд, ки «ҷавонмардон» аз худ гузошта буданд.
Мо аввал ба ошхона рафтем, вале Анорро чизе ба ёдаш омаду бандаро ба хонаи ҷойи хобаш бурд, то он либосҳои гуфтаашро ба ман нишон диҳад, вале ҳама ҷустуҷӯҳои вай ҳам бе натиҷа баромаданд.
– Онҳо ҳам дар ҳамин чо буданд.
– Шояд.
– Чӣ ба ман бовар намекунед?
– Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам.
– Ман ҳам.
Сипас мо боз ба ошхона рафтем. Анор маро танҳо гузошта ба ҳаммом рафт.
Ман дар танҳои боз ба ёд овардани шудам, ки ин субҳ бо кадом дастам аз хоб бархестам, вале…
Ҳеҷ чизро ба ёд оварда натавонистам. Рафту баъди бозгашт аз кӯчаи Академикҳо ман ба идора ё ба хона мерафтам, ҳаргиз шоҳиди чунин ҳодисаи даҳшатбор ҳам намешудам.
Фурӯғи Шариф чӣ фикр мекарда бошад, ки дар ин соати 01 – шаб бандаро дар хонаи зани танҳое чӣ кор аст.
Дар ҳақиқат қувваи сеюм, қувваи сеюм аст, ки аксар онро қувваи сиёҳ ҳам меноманд, вале ақидаи банда дар ин ҷода дигар аст. Бобоям мегуфт, ки хар ҳамеша таги бор меравад ва ба дурустии суханаш ман дигар шубҳае надоштам…

... 11 ...

Ин субҳ ман ниҳоят дер аз хоб бедор шудам. Ҳуҷраи хобам пурра дар зери тасарруфи нурҳои офтоб буд. Аз чӣ бошад, ки Наталя Василевна бандаро ҳатто бедор ҳам нанамудааст.

пешина
аз 515
навбатӣ