Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳамин як нигоҳ басанда буд, ки Ба қавле айёнро чӣ ҳоҷат ба баён.
Марде дар қурсии мулоими чармин такя зада…
Марде бо зиндагӣ, бо оламу одам падруд гуфта…..
Ман худро каме ҳам бошад ба даст гирифта, даст ба тугмачаи чароғаки барқии пушти дар будам. Дар зери ин рушноӣ пешонаи суроху чашмони кушода ва хуни дар рӯйи вай ба поён шорида манзараи даҳшатро даҳчанд мекард…
Ман ҳамоно тапонча дар даст аз зинаҳо ба поён рафтам, ҳатто ба суханони соҳибхона, ки то ин дам пушти дар буд ҷавобе нагуфта. Лаънат ба онҳое гуфтам, ки дар фикри дуруст намудани лифт нестанд ва афсӯс ба он хурдам, ки он мардро дар ошёнаи панҷум бознадоштам. Ба гумонам ман зинаҳои он нуҳ ошиёнаро муддати на беш аз як дақиқа тай карда, то ба поён омадам, вале ҳама ҷаҳду талошҳоям барабаст рафтанд. Дар ин нифси шаб дар пеши бино касе ҳам набуд, ки ман дар бораи он марди мӯйлабдор пурсон шавам.
Ман қариб, ки бо ҳамон суръат аз нав зинаҳоро «фатҳ»
намуда, ба боло баромадам.
Анор ҳанӯз пушти дар буд.
– Ту ўро дидӣ баробари ба майдончаи ошёнаи нуҳум қадам ниҳодан пурсидам ман.
– Ҳа.
– Вайро шинохтӣ?
– Не. Дурустараш ман аз тарс ба сӯйи вай нигоҳ карда натавонистам.
– Он мардро чӣ?
– Кадом мардро?
– Ҳамонеро, ки дар байни ошиёнаҳои панҷуму шашум вохӯрдем.
– Не, ман ӯро нашинохтам. Акнун чӣ мешавад?
– Намедонам, биё беҳтараш кани бинем, ки «меҳмон» кист?
– Не, не, ман наметавонам.
– Майлаш ман ӯро худам мебинам, биё беҳтараш худат ба хонаи хоб даро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор