Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ба ростӣ ба назари банда чунин намуд, ки ӯро дар куҷое дидам, вале дар ҳамон лаҳзаҳо ба ёд оварда натавонистам.
– Ӯро нашнохтӣ?
– Не.
– Яъне дар ин бино зиндагӣ намекунад?
– Ман ӯро бори аввал мебинам.
Мо ҳамон хел дасто ба даст ба ошёнаи нуҳум баромадем.
Тай ин муддат Анор бори аввал дасти росташро аз бағали банда озод намуда, калидҳоро бароварда ба сурохии қулфи дар гузошт ва калидро тоб додан хост, вале…
Ҳама кушишҳояш бе натиҷа, чунки калид тоб нахӯрд. Сипас, банда ба ин кор даст задам, вале...
Нохост фикре ба сарам омаду дарро ба сӯйи худ кашидам.
Дар кушода буд.
– Шояд маҳкам кардани дарро аз ёд баровардаед?– ба тарафи соҳибхона нигариста пурсидам ман.
– Не, не.
Ман даст ба бағалкисаам бурда, тапончаамро берун оварда, онро омодаи кор намудам ва чун аз Анор фаҳмидам, ки тугмачаки чароғаки барқӣ дар самти муқобил асту бе дохили роҳрав шудан зер кардани он ғайриимкон, яку якбора дарро кушода вориди хона шудам. Рушноии чароғаки барқӣ аз роҳрави ошиёнаи ҳаштум то андозае ошиёнаи нуҳумро ҳам нур мебахшид ва ҳатто қисме аз он нур тариқи дари кушода, вориди хонаи Анор мешуд… Ман лаҳзае пушти дар хомӯш нишастам ва чун ҳадафи тири ғайбе қарор нагирифтам, палмосида, палмосида он тугмачаи барқиро дарёфта, онро зер намудам.
Роҳрав аз оғӯши зулмот берун шуд. Ман ба дасти ростам тапончаро дар ҳамон ҳолати аввалаш, яъне дар ҳолати омодабош нигоҳ, дошта бо дасти чапам яке аз дарҳоро кушодам.
Худи рушноии чароғи барқии пешайвон кифоя буд, ки дохили он ҳуҷра аз мадди назари банда дур намонад. Не, дар он ҳуҷра ҳама бе тағироте буд. Дуюм ман даст ба дари он ҳуҷрае будам, ки махзани китобҳои нодир буд ва соҳибхона ташрифи аввалини бандаро дар ҳамин хона истиқбол карда буд. Чун он дари хазинаи асрорро ба ҳамон самти кушодашавиаш тела додам, лаҳзае нафас дар гулӯям дармонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор