Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин ҷо падари Шаҳром чӣ дахл дорад?
– Намедонам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҷароҳатҳои вай морри афъӣ то кунун шифо наёфтаанд.
– Нафаҳмидам.
– Хонаро ба номи банда гузаронидани Мурод Эшонович ба Сулҳия хуш наомад ва аз ин бештар рафтори падар, ки дар суд бандаро барои сабукпоям гунаҳкор накард, алами вайро дучанд кард.
– Чунин ҳодисаҳо дар зиндагӣ хеле зиёданд ва аксар вақт кулли онҳое, ки дар чунин гирдоб меафтанд, бар гузашта салавот гуфта аз пайи рӯзгори навини худ мешаванд.
– Ба ин худат бовар дорӣ?
– Албата.
– Вале ман бовар намекунам.
– Ту гумон дори Сулҳия дар ин кор шарик аст?
– Чӣ фарқ дорад, ки маро чӣ гумону андешае дар сар аст .
– Хайр, биё рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба он ҷойе, ки ба ситораҳо наздиктар аст.
– Ба хонаи ман.
– Ман ин хел нагуфтам.
– Вале барои ба он ҷо баромадан зид нестӣ?
– Зид нестам.
– Ман метарсам.
– Аз кӣ?
– Аз оне, ки либосҳои Беназирро ба кулбаи ман овардааст.
– Хайр, биё ягон фикр мекунем.
Вақте ки мо аз роҳи калон ба тарафи бино мегузаштем, нафаре аз он ҷо берун омад. Чун масофаи байни мо ва бино на камтар аз сад метр буд, ба замми ин худи пеши даромадгоҳи бино чандон рушан набуд, мо танҳо суроберо дидем, ки аз дари баромадгоҳи асосии бино берун омад ва аз паҳлуи бино тоб хӯрда ба самти муқобил рафт. Дар пеши бинои нуҳошёна мо лаҳзае таваққуф намуда, пас вориди бино шуда оҳиста – оҳиста аз зинаҳо боло баромадем. Дар байни ошёнаҳои панҷуму шашум марди тахминан сӣ сию се солае, ки мӯйлабҳои ғафси сиёҳ ва риши чандин вақт натарошидае дошт бо мо рӯ ба рӯ шуда, даст пеши бар гирифта, салом доду ба поён ҳаракат кард.

пешина
аз 515
навбатӣ