Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман аллакай ҳисобу китобамро бо роҳбарият баробар намудам ва акунун ба қавле то пагоҳ озодам.
Мо дар кӯча муддате қадам задем, вале ҳеҷ не, ки Анор сари мақсад биёяд. Банда ҳам намехостам ӯро дар кушодани асрори ниҳонаш маҷбур созам, чунки медонистам чунин амалҳо оқибати нек намеоранд. Чун аз чорроҳа гузаштем ва дар он ҷое, ки шаби сешанбе ман расми Беназирро ба дасташ дода будам вай таваққуф намуда гуфт:
– Ман метарсам.
– Аз чӣ?
– Худам ҳам намедонам, вале гумон мекунам, ки ягон кас нияти ба коми оташ ҳаво додани бандаро дорад.
– Далел?
– Он шаб ба фикрам гуфтӣ, ки ҳамсояҳо дар байни либосҳои Беназир як камзулчаи моҳутдори рангаш сабз ва як нимкуртаи рангаш кабутро наёфтанд, ё нагуфтӣ?
– Шояд гуфта бошам, ба ростӣ дар ёдам нест, чӣ буд?
– Ҳамин бегоҳӣ пеш аз ба кор омадан, ман онҳоро дар ҷевони либосҳоям дидам.
– Чӣ?
– Он чӣ ки шунидӣ.
– Бовар намекунам.
– Ихтиёрат, вале ман айнан як камзулчаи сабзи моҳутдор ва як нимкуртаи рангаш кабутро дар байни либосҳоям дидам.
Акнун метавонед маро ба милиса баред, ё милисаро ҷеғ занед, ки омада маро ҳабс намоянд,– гӯён Анор сарашро ба китфам гузошта лаҷоми гиряро сар дод...
– Ором шавед, ором шавед гуфтам ман, вале суханони банда боиси тасаллои дили бемори ӯ нагашт ва оҳу шеванаш зиёдтар шуд, ки камтар не.
– Аз ду сар маро ҳабс мекунанд, каме худашро ба даст гирифта ҳиқ– ҳиқкунон гуфт ӯ.
– Бегуноҳ бошӣ, кӣ туро ҳабс мекунад?
– Намедонам, намедонам, ба ростӣ намедонам.
– Ором шавед.
– Ин ба гуфтан осон, лаънат ба он рӯзе, ки ман бо падари Шаҳром рӯ ба рӯ омадам.

пешина
аз 515
навбатӣ