Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Хостам бо бармен ҳисобӣ кунам, вале Анор ба ин имкон надод ва он марди чорпаҳлӯ дастҳо пеши бар бандаро бо нигоҳе гусел намуд. Чун ман ба курсӣ нишастам, пешхизмат дар рӯ ба рӯям нишаста гуфт, ки бо ман гуфтание дорад.
– Майлаш гап зан.
– Фақат ин ҷо не.
– Охир ман ба хона рафтанам лозим.
– Ҳоло ман ба ту хӯрок меорам. То анҷоми кор ҳамагӣ як соат вақт мондааст, боз ягон ним соат маро интизор мешавӣ, баъд ҳамаашро мегӯям. Он тарафаш ихтиёр турост,– Анор мунтазири даҳон кушодани ман нашуда аз чой бархест.
Чун суруду мусиқӣ дар авҷи аълояш буд, ман андешаҳои худро дар атрофи гуфтаҳои Анор ҳатто сари як нукта гирд оварда натавонистам. Бандаро ба ҷуз интизор шудан чорае намонда буд. Ниҳоят Анор сихкабоб овард ва боз чойи кабуд.
– Иштиҳои том,– бигуфт ӯ ва боз аз паси кораш рафт.
Аз он чӣ , ки ӯ ин даъфа бароям нушокие аз гурўҳи обҳои ҷонбахш ё худ май пешниҳод накард ба хулосае омадам, ки гуфтӯгуйи дар пеш истодааш ҳам саросар муаммост.
Чун бо сихкабоб ҳисобро пурра баробар намудам ва пиёлаи чойи охиринро ба даст гирифтам, пешхизмат чун аломати савол дар рӯ ба рӯям қарор гирифта пурсид, ки боз чӣ биёрам?
Ба суолаш посух гуфтам, ки ҳаминаш басандааст. Сипас даст ба ҷайб бурда хостам ҳисобӣ намоям, вале Анор огоҳам сохт, ки рафту ба чунин амал даст занам ӯ он асрори ниҳонашро бо худ ба қиёмат хоҳад бурд…
Чунинашро интизор набудам ва шикасти худро эътироф намуда гуфтам, ки ин чӣ хел машавад?
– Ҳисоби дӯстон дар дил,– гӯён Анор боз ба тарафи ошхона ҳаракат намуд.
Пиёлаи охирини чойи кабудро баробари аз нав омадани Анор ба даст гирифтам. То анҷоми кор боз ним соат вақт буд.
– Биё рафтем,– гуфт ӯ
– Ба куҷо?
– Ба хона.
– Анҷоми корро интизор намешавед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор