Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба таъби шумо умед мебандам.
Бармен аз витрина шишаеро, ки номаш «Кулоҳи шоҳ» буд ба даст гирифт ва қадаҳеро қариб, ки лабрез намуда назди ман гузошт.
Ман қадаҳ ба даст гирифтам ва аз он майи ноб ҷуръае бинӯшидаму ҷисми худро болои он курсии мулоими чархзананда қариб, ки 60 дараҷа ба тарафи чап тоб додам. Оринҷи дасти ростамро болои пештахтаи бар гузошта ангуштонамро чун поя ба зери ҷоғам бурдам, мисли оне, ки аксар актёрҳои театрҳои касбӣ симои худро дар чунин шакл аксбардорӣ намудаанд то тамошобини ба театр ташриф оварда огоҳ шавад, ки ҳунарманди дӯстдоштааш дар ҳолати фароғат ҳам аз дарду доғи миллат андеша дорад...
Дар зери кунҷи нигоҳи ман қариб шаст дар сади толори барҳаво буд, вале дар чанд дақиқаи мушоҳидаҳо қариб, ки бе натиҷа анҷомид. Аз чӣ бошад, ки банда Анорро надидам. Дар ин муддат ду нафаре ба тарафи «Бар» омаданд ва ман ҳис намудам, ки онҳо дар ду курсии пушт ҷо ба ҷо шуданд. Дигар дар чунин шакл истодан маъние надошт ва банда дастамро аз зери ҷоғам гирифта қоматамро рост намудам ва ҷисми худро боз ба ҳолати аввала баргардонидам. Бармен акнун дасту остин барзада дар хизмати он ду тани нав омада қарор дошт. Ман боз қадаҳ ба даст гирифта, онро ба лаб бурдам...
Дар ҳоле, ки ҳанӯз қадаҳ дар лабам буду оби нобаш дар гулуям касе дасташро ба китфам гузошт.
Оби ҷонбахшро фурӯ бурдаму қадаҳро болои пештахта гузошта, болои курсӣ тоб хӯрдам. Дар рӯ ба рӯям Анор меистод.
Ӯ аз кадом самт ба тарафи ман омада буд, нафаҳмидам. Аз ҳама муҳимаш он буд, ки ӯ худ аз худ дарак дод ва бо ин амали худ кори бандаро дучанд осон кард.
– Биё рафтем!
– Ба куҷо?– ҳайрон шуда пурсидам ман.
– Ба он ҷо, ба самти дигари толор, ба ҳамон самте, ки он шаб ман нишаста будам, – бо ангушташ ишора намуд вай.

пешина
аз 515
навбатӣ