Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Боварӣ доштам, ки Салиму хонумаш ба таксӣ нишастани маро дида, ҳарду оҳи сабук кашиданд.
... 10 ...
Соати бисту як ман боз ба гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо омадам ва чун дар кӯча қариб, ки касе набуд даст ба тугмачаи пушти дар бурдам ва акси амали худро дар садои посбони он манзил дарёфтам. Ман намедонам, он чӣ гуна саг буд, вале аз овозаш пай бурдам, ки бо вай шухӣ нашояд. Бо ак – аки худ вай маро ҳушдор месохт, ки беҳтараш ҳама гуна фикрҳои ботилро аз сар дур созам, вагарна ӯ ба хотири пос доштани но-ну намаки ин хонадон ба ҳама кор қодир аст.
Дуюмбораю сеюмбора низ занг задан натиҷае надод ва ман бо дили ҳазин ба самти роҳи калон ҳаракат намудам. Ман ҳарчанд ба ёд оварданӣ шудам, ки ин субҳ бо кадом дастам аз хоб хестам натавонистам. Умуман дар саҳфаи хотироти банда ин рӯз рӯзи бебароре буд.
Чун сари роҳи калон баромадам лаҳзае таваққуф намудам, ки ба куҷо равам, ба идора ё ба хона. Сари ҳамин масъала андеша доштам, ки аз куҷое боди мухталифе андешаи дигареро чун қувваи сеюм ба сарам овард ва ман ба таксие нишаста боз ба фурудгоҳ рафтам. Баробари пой бар остонаи тарабхонаи «Кайҳон» гузоштан лаҳзае ист намуда ба тарафи аҳли толор чашм духтам. Бар хилофи андешаҳои банда қариб, ки дар он толори барҳаво мизи холие надидам, ҳарчанд қисме аз мардуми он ҷо буда, дар зери ҳавои мусиқии ноҷӯре дар ғамза буданд.
Ба умеди дидани Анор ман қариб, ки дубора толорро мавриди таҳқиқ қарор додам, вале аз пешхизмати шиносам нишоне надидам. Ба ҳамин хотир ба тарафи чапи дари даромадгоҳ ба сӯйи «Бар» чанд қадам гузошта, дар интиҳо ҷисми худро болои яке аз курсиҳои чархзанандаи «Бар» гирифтам.
Бармен ҳамон марди паҳлавонҷӯсае, ки агар ба девор мушт занад девор меафтад ҳамоно рӯ ба рӯйи банда рост шуда, бо нимтаъзиме маро ба он қасри коши худ («Бар» дар назар аст) хайра мақдам гуфт ва интизори амри минбаъдаи каминаи камтарин шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор