Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чун банда қавл дода будам, ки то фарорасии шом ҳамин ҷо менишинам, ба пиёла кам – кам чой рехта, нӯши ҷон намудам.
Саргарми чойнӯшӣ шуда, ҳатто аз Салим Ворис ҳам фаромӯш намудам ва агар дар кушода намешуду ман ба сӯйи он назар намедӯхтам, ба қавле Салимро ҳам ба гӯшаи фаромушӣ дода будам.
Ҷавонзане дар сар фаранҷӣ ва даст чанд мехчагул пой бар остонаи қаҳвахона гузошт. Ҳарчанд фаранҷипӯшӣ кайҳо аз муд рафтааст ва бояд иқрор шуд, ки дар як асри сипаришуда касе онро ба сар нагирифта, солҳои охир шояд аз шарофати Истиқлол бошад ва ё шояд ёде аз мероси гузаштагон, ки аҳён– аҳён духтарони мо низ ба чунин усули либоспӯшӣ рӯ овардаанд. Чунин тарзи либоспӯшӣ хуб аст ё бад ман намедонам, вале оне, ки акнун вориди ин хилваткадаи хомӯш шуд ва аз қафои ӯ ҳамкори мо Салим Ворис ҳам пой бар он остона гузошт, ҳамон духтараке буд, ки қариб соате пештар бо нигоҳи сардаш шояд баҳри мани булҳавас нафрат фиристода буд.
Духтар ҳам ба фикрам чунинашро интизор набуд. Охир вай бечора аз куҷо медонист, ки ман баъди убури кӯча пой бар остонаи ҳамин хилваткада мегузорам ва инаш ҳам дарди бахайр буд, агар Салим Ворис аз қафои ӯ вориди қаҳвахона гашта, бо овози баланд: – Рафиқ майор Шумо ҳам ҳамин ҷо,– гӯён ба ман салом намегуфт. Не ин манзараро маҳбубаи Салим агар ӯ дар ҳақиқат маҳбубааш бошад надид. Фақат овози ҷарангосии Салимро шунид, ки аз қафои ӯ вориди қаҳвахона шуда буд. Чун чашми он духтари фаранҷипӯш, ки соате пештар шими ҷинс ва камзулчаи ҳамранги он дар бар дошт ва он либос дар ҳақиқат ҳам ба ӯ зебанда буд ба ман бархӯрд ҳамоно нигоҳашро аз нигоҳи ман гурезонд ва акнун ӯ дар тарафи чапи дари даромадгоҳ ба курсие пушт ба тарафи ман нишаст.
Салим Ворис ҳам аз қафои ӯ рафта, дар рӯ ба рӯяш, яъне рӯ ба тарафи банда ҷо ба ҷо шуд. Шояд духтарак ӯро бо имо ва ё сухани паст чизе гуфт, ки Салим ҳам дигар ба сӯйи ман нигоҳе накард.
Ба ростӣ мақсади банда ҳам дар ин хилваткадаи хомӯш амалӣ нагашт ва дилу бедилон банда пешхизматро ҷеғ зада, бо ӯ ҳисобӣ намудам ва аз он бино баромадам. Баҳри оромии қалбу руҳи Салим ва хонуми қашанги ӯ, ки зери ин гунбади гардун на кофириаш маълум буду на мусулмониаш аз пеши дари қаҳвахона таксиеро боздоштам ва лаҳзае пас аз он манзил дур шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор